19:38 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
426 0 0

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадовро дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон миллионҳо нафар тамошо кардаву ба он вокунишҳо карданд

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Размикори доғистони шоми гузашта ҳарифи амрикоияш Ҷастин Гетҷиро бо як маҳорити зебои ба худ хос шикаст дод.

Ин рақобатро дар баробари миллионҳом мухлисони сайёра дар тоҷикистон низ тамошо карданд.

Сафҳаҳои расонаҳои иҷтимоӣ то оғози рақобат пур аз таманниёти пирӯзӣ бар размикори доғистонӣ буду баъдан табрикборон шуд.

Яке офаринаш мехонду дигаре аз маҳорат ва сеюми табрикаш мекарду шери майдон мегуфт.

Ҷонӣ Сафарзода аз корбарони фаъоли фейсбук аз одамият ва шахсияти размкиор ситоиш карда, навиштааст: “Суҳробе, ки бе падар дигар мубориза намебарад!

Шояд манро ҳам ба Ҳабибпарастӣ гунаҳгор кунед. Аммо шахсияте, ки миллати манро, расму ойни манро, забони манро эҳтиром мегузорад чаро эҳтиромаш накунам. Рафтору гуфтори Исломияш худ як инсоният аст. Охирон муҳориба ва ғалабааш ба кулли мухлисонаш муборак! Ӯ то охири дунё вуҷуд дорад қаҳрамон хоҳад монд!".

Аъзам Акбаров, журналит ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ навиштааст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба таърихи варзиши ҷаҳонӣ абадӣ ҳамчун муборизи боинтизом, боодобтарин ва мағлубнашавандаи UFC дохил шуд!

Ҳолати ғайриинтизор барои ҳама мухлисон ин эълони хотимаи корномаи варзишгар буд.

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин набардаш аст ва бо ҳамин тарки майдон мекунад

Сорбон Амонуллозода бошад навиштааст: “Бо сари баланд тарки майдон кардан ба мисли оне аст, ки ҳамеша қаҳрамони майдон боқӣ мемонӣ. Ҳабиб ту ҳамеша барои мо қаҳрамон будӣ, ҳастӣ ва хоҳӣ монд!”.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик тарки майдон кардани размикорро қаҳрамонӣ хондааст. 

"Қаҳрамонии Ҳабиб дар айни шуҳрат тарки майдон карданаш аст! Бо сари боло ва обурӯ.
Бузургтарин ғалабааш ҳам ғалаба бар нафс ва васваса аст",- навиштааст Нақибзод.


Алӣ Ализод корбари дигар бошад навиштааст, ӯ меравад, меравад шикстнопазир. Ташаккур барои ҳама чиз, қаҳрамон!

Ёдовар мешавем ин нахустин рақобат ва пирӯзии Ҳабиб бидуни падараш буд, ки чанд моҳ меш фавтид.

Размикор пас аз пирӯзӣ дар майдон барои набуди падараш гирифт ва пирӯзияшро ба ӯ бахшид.

Завқибек Сайидаминӣ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст дар ин ҳолат бо ӯ гирист.

"ОҲҲҲ БЕПАДАРӢ.... Дишаб вақти дидани ин лаҳзаҳо дар баробри Ҳабиб сахт гиристам Ин ҳолатро фақат инсоне дарк мекунад, ки аз сояву дасти Дуои Падар маҳррум аст Сахти сахт аст, вақте ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавиву ба насиҳату ҳидояти Падар зор, вале Ӯ канорат нест Ё дар коре муваффақ мешаву Ӯ нест, то дар канорат шодиву фахр кунад. Ҳамин аст, ки набуданаш лаззати ҳар муваффақиятро берангу беарзиш мекунад".

Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақиби амрикоии худ Ҷастин Гетҷиро аз роҳи буғӣ кардан шикаст дод. Аз 29 муҳорибае, ки Ҳабиб анҷом додааст, ягон маротиба ба шикаст мувоҷеҳ нашуд ва акнун бидуни мағлубият дар ин намуди варзиш, ба фаъолияти худ нуқта гузошт.

Ёдовар мешавем, соли 2019 дар Душанбе низ пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Дастин Пуареро таҷлил мекарданд. Шабе, ки рақобати ин ду размикор ба ғалабаи Ҳабиб анҷом ёфт, сокинони зиёд дар пойтахт ба хиёбонҳо баромада, ғалабаи Нурмуҳаммадовро якҷо қайд мекарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ