20:02 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Дастаи "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии футзали Тоҷикистон бар тими "Соро компания"-и Душанбе пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дастаи "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд дар бозии чоруми финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар тими "Соро компания"-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, медалҳои тиллоро сазовор шуд.

Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, даста бо роҳбарии мутахассиси рус Евгений Осинтсев ба чунин натиҷа ноил шуд.

Гуфта мешавад, пас аз чор бозӣ ҳисоби силасилаи бозиҳо 3:1 ба фоидаи дастаи Хуҷанд ҳал шуд.

Ғалабаи "Сипар" дар бозии чорум тавассути зарбаҳои нишонраси Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов таъмин гардид.

Ногуфта намонад, ки дастаи "Сипар" дар таърихи мавҷудияти клуб аввалин маротиба ба унвони чемпионӣ расид. Қаблан чанд маротиба соҳиби медалҳои нуқраи лигаи касбии футзли Тоҷикистон шудааст.

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

"Соро компания", ки солҳои 2018 ва 2019 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд, имсол ҷои дуюмро ишғол кард.

Медалҳои биринҷӣ бошад, насиби дастаи "Муҳоҷир" шуд, ки дар се бозӣ барои ҷои сеюм тими "Истаравшан"-ро шикаст дод.

Ин ҳафтум мавсими лигаи касбии футзали Тоҷикистон буд. Қаблан ду дастаи Душанбе – "ДИСИ Инвест" чор маротиба (2014, 2015, 2016, 2017) ва "Соро компания" ду маротиба (2018, 2019) ғолиб гардидаанд.

Барчаспҳо:
қаҳрамон, "Сипар", даста, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ