23:09 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
576 0 0

Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласа, нисбати варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва футболбозони дастаи “Пахтакор” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Зарафшон” - и шаҳри Панҷакент муҷозот таъйин кард

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Бозӣ миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" рӯзи 24 октябр бо ҳисоби 3:1 ба поён расид, вале миёни футболбозон ҷанҷол бархост.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муноқишаи бархоста дар вақти баргузории бозии футбол миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" имрӯз зери роҳбарии Хуршед Зоидов, сардори Кумитаи интизомӣ-назоратии ФФ Суғд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба футболбозон барои вайрон намудани одоби варзишӣ ҷарима муқаррар намудааст.

Бо қарори Кумитаи интизомӣ – назоратӣ, барои вайрон кардани моддаи 8 банди 16, яъне таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаҳо, тамошобинон, аъзои гурӯҳи доварон дар варзишгоҳ то анҷом ва баъди бозӣ, варзишгоҳи "Ҷавонӣ - и ноҳияи Ҷ. Расулов аз гузаронидани як бозӣ ва ба миқдори 500 сомонӣ муҷозот шуд.

Дастаи "Сипар" - и Хуҷанд нахустин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ҳайитбой Отаҷонов бозингари дастаи "Пахтакор", барои зарба задани ҳариф бо мушт, аз панҷ бозӣ маҳрум ва нисбаташ 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Инчунин мураббӣ бозингари дастаи "Зарафшон", Камолиддин Ҷурабоев, барои вайрон намудани одоби варзишӣ, гуфторҳои гайримантиқӣ, даъвои беасос бар асоси моддаи 8 банди 19 аз се бозии тақвимӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ муҷозот шудааст.

Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ