16:22 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мавсими навбатии Чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни собиқадорон ҷамъбаст шуд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дастаи “Ромис-Испечак”-и шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз шуд, бо ба даст овардани 24 хол ғолиб гардид, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, собиқадорони “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 16-холӣ ба даст оварданд, аммо аз ҳисоби бартарият дар бозиҳои инфиродӣ “Равшан” ҷои дуюмро ишғол карду “Хатлон” ҷои сеюмро гирифт.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамлагари дастаи “Ромис-Испечак”-и Душанбе Шуҷоат Неъматов, ки ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан дониста шуд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки бо сабаби пандемияи коронавирус чемпионат миёни собиқадорон аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд.

Дар радабандии дастаҳои собиқадорони футбол нахуст “Ромис - Испечак”, сипас “Равшан”-и Кӯлоб, “Хатлон”-и Бохтар, “Фирдавс-40”-и Душанбе, “Давлат Содиқ”-и Восеъ, “Ҳосилот”-и Фархор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шери Восеъ”-и Восеъ ва “Собиқадорон”-и Душанбе қарор гирифтаанд.

Барчаспҳо:
варзиш, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ