04:20 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
285 0 0

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб тими “Равшан”-ро барои дастовардҳои варзишии имсолааш қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Аз ҳукумати Кӯлоб ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маросими қадрдонӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳр доир гашт.

Ба иттилои манбаъ, дар умум ба ҳайати тими “Равшан”, ба 25 нафар 37500 сомонӣ, ки ба ҳар як бозингар 1500 сомонӣ мерасад тақсим гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари маблағ ҳамзамон ба ҳайати тим Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода тақдим карда шуд.

Манбаъ гуфт, маросими қадрдонии даста бо ҳузури Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Вализода Абдуқодир, раиси шаҳри Кӯлоб, Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Исроил Шарипов, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон доир гаш.

Ёдовар мешавем, тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб пас аз 26 сол Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард ва ҳамзамон барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шуд.

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

Ҳамзамон даста ҳаққи ширкат дар Лигаи олии Тоҷикистон ва Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2021-ро соҳиб шуд.

Барчаспҳо:
"Равшан", Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ