20:20 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
339 0 0

Ҳамлагари дастаи “Бавария” Роберт Левандовски аз ҷониби нашрияи  Goal беҳтарин бозигари мавсими футболи 2019/20 эълон шуд

ДУШАНБЕ, 12 Ноябр - Sputnik. Ин нашрия феҳристи беҳтарин бозигаронро барои соли 2019/20 эълон кард, ки аз 25 нафар иборат буда, дар сархати он Роберт Левандовски ҳамлагари мунтахаби Полша ва бошгоҳи “Бавария”-и Олмон ҷой гирифтааст.

Дар мавсими гузашта, ситораи футболи Полша дар 47 бозии дастаи “Бавария”-и Мюнхенӣ 55 гол зада, даҳ партофӣ головар додааст.

Ҳамзамон ӯ бо ҳамроҳии тимаш Ҷоми Олмон ва Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст овард.

Дар ин рӯйхат пас аз Левандовский ҷойи дувумро Кевин Де Брюйне, нимҳимоятгари дастаи "Манчестер Сити"-и Англия соҳиб шуд ва зинаи сеюмро бошад, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси ба даст овард.

Ҳамзамон ба даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон Неймар (Бразилия, ПСЖ), Криштиану Роналду (Португалия, “Ювентус”), Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ), Вирҷил Ван Дейк (Нидерланд, “Ливерпул”), Карим Бензема (Фаронса, “Реал Мадрид”), Томас Мюллер (Олмон, “Бавария” Мюнхен) ва Садио Мане (Сенегал, “Ливерпул”) шомил шудаанд.

Имсол ҳамзамон пойгоҳи варзишии sports.ru низ тибқи як назарпурсӣ Левандовскиро беҳтарин бозигари мавсими гузашта эълон кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ