07:48 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Бозии дӯстона миёни миллипӯшони Тоҷикистон ва мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб , ки дар варзишгоҳи "Забил"-и шаҳри Дубай баргузор гардид, бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт. Ин сеюмин шикасти тими Тоҷикистон, пас аз дастаи Ӯзбекистону Баҳрайн мебошад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Шоми 12 ноябр дар бозии дуюми дӯстона миллипӯшони Тоҷикистон аз тими Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид, хабар медиҳад ФФТ.

Дар аввал футболбозони тоҷик  то дақиқаи 20-ум бо голҳои задаи Давронҷон Эргашев ва Комрон Турсунов ба пеш баромаданд, аммо дар идомаи рақобат тавассути ду голи Алӣ Аҳмад Мабхут ҳисоб баробар шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар дақиқаи 4-уми иловагӣ мизбонон аз як фурсат истифода намуда, натиҷаро 3:2 карданд.

Муаллифи гол  Алӣ Солеҳ шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамриниии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба поён расид.

Ёдовар  мешавем, ки  7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи дастаҳои  мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.

Ҷамъбасти чемпионати ҷумҳурӣ миёни собиқадорон: “Ромис-Испечак” пирӯз шуд

Вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта,  дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад.

Хотиррасон  мешавем, ки  моҳи  сентябри соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд.

Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.

Барчаспҳо:
шикаст, Футбол, Тоҷикистон, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ