04:23 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
695 0 0

Варзишкори шикастнодидаи тоҷик Меҳрубон Сангинов дар рақобати муштзанӣ дар Флорида рақиби таҷрибадорашро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шаби гузашта дар доираи сабқати M&R Boxing Promotions, мусобиқаи муштзанӣ баргузор шуд, ки дар он Меҳрубон Сангинов бо рақиби худ аз ИМА Клеотис Пендарвис ба майдон баромад.

Сабқат дар Флорида баргузор шуд: видеои мусобиқа дар торномаи расмии мусобиқа нашр шудааст.

Ин рақобат мушкил шуморида мешуд: Сангинов дар таҷрибаи варзишиаш 8 пирӯзӣ ва рақиби таҷрибадораш 12 пирӯзӣ дорад. Вале дар қиёс бо варзишкори амрикоӣ Сангинов боре ҳам мағлуб нашудааст.

Пирӯзӣ ваъда кардам: ғалабаи дигари муштзани шикастнадидаи тоҷик дар Мексика-акс

Сабқати муштзанӣ оромона оғоз шуд: варзишгарон дар оғоз ҳамдигарро омӯхтанд. Варзишкори амрикоӣ манёвр мекард.

Дар бахши дуюм Пендарвис кӯшиш кард рақибашро идора кунад вале нишонҳояш ба ҳадаф намерасид. Вале ба Сангинов даст медод, муштҳои нишонрас бизанад, рақибаш бо клинч посух медод.

Бахши сеюм рақобатро ҷо ба ҷо гузошт. Сангинов се маротиба рақибашро аз пой афтонд ва пас аз чандин муштҳои пайдарҳам гурӯҳи рақибаш қарор кард, ки аз идомаи рақобат даст кашад.

Ҳамин тавр, Меҳрубон Сангинов бо нокаути техникӣ бар рақибаш Клеотис Пендарвис пирӯз шуд.

Барчаспҳо:
рақиб, нокаут, муштзанӣ, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ