02:40 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1278 0 0

Комроншоҳи Устопириён - аз машҳуртарин паҳлавонони Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои Туркия ҷарроҳӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Варзишкори номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Карси Туркия ҷарроҳӣ шуд, дар ин бора  Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷарроҳии дасти Комроншоҳ ба хубӣ анҷом дода шуд ва аҳволи варзишкор беҳбуд меёбад. Ҳафтаҳои оянда паҳлавони тоҷик табобати физиотерапияро гузаронида ва баъд ба тамрин бармегардад.

Эҳтимолан варзишкор соли 2021 ба майдони варзиш бозмегардад.

Ёдовар мешавем, ки Будапешт соли оянда мизбони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо мегардад. Дар аввал, пойтахти Маҷористон мебоист Ҷоми ҷаҳонро дар соли 2022 ташкил мекард, дар ҳоле ки Ҷоми Ҷаҳон-2021 ба Тошканд (Ӯзбекистон) супорида шуда буд.

Аммо Федератсияи байналмилалӣ тақвимро ислоҳ кард ва Будапешт ҳуқуқи баргузории қаҳрамонии ҷаҳонро дар соли оянда ба даст овард. Интизор меравад, ки ин рақобат мақоми роҳхат ба Олимпиадаи Токиоро доро мешавад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълом дошт, ки Олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Ҷоми Ҷаҳон марҳилаи интихобии Олимпиада хоҳад шуд, ки бо эҳтимоли зиёд то моҳи майи соли 2021 баргузор мешавад.

Медали биринҷии Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҷудочиёни тоҷик аллакай ба мусобиқа омодагӣ мебинанд. Комроншоҳи Устопириён яке аз пешвоёни ҷудои тоҷик аст. Инчунин, умед ба ҷудочиёни дигар: Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Саидҷалол Саидов ва дигарон низ ҳаст.

Дар мавсими ҷорӣ Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Сербия баргузор шуд, ширкат кард ва дар вазни 90 кило медали биринҷиро ба даст овард.

"Ташаккур ба ҳамаи ҳаводорон. Ман минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб саъй хоҳам кард. Мехостам қаҳрамони ҷаҳон шавам, кӯшиш мекунам, ки дар қаҳрамонии оянда аввалин бошам, -  гуфт варзишгар.

Барчаспҳо:
Туркия, даста, ҷарроҳӣ, варзишкор, Комроншоҳи Устопириён

Мавзӯъҳои асосӣ