20:20 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
203 0 0

Дар сурати муваффақ аз санҷишҳо гузаштан, клуби футболи "Химки"-и Русия бо Ислом Зоиров шартнома мебандад

 

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ислом Зоиров, бозигари дастаҳои мунтахаб ва ҷавонони Тоҷикистон, имкон дорад ба тими футболи “Химки”-и Русия шомил шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Ҳоло варзишгари 18-сола дар санҷиш қарор дошта, то 16 декабр дар ҳайати ин даста тамрин мекунад.

"Агар футболбоз ҳангоми санҷиш худро хуб нишон диҳад, клуби Русия бо ӯ шартнома мебандад", - қайд карааст ФФТ.

Бозингар метавонад ҳам нақши нимҳимоятгар ва ҳам ҳимоятгарро иҷро кунад.

Дар Тоҷикистон Зоиров аллакай дастовардҳои хуб дорад: варзишгар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё - 2018 гардид ва дар чемпионати ҷаҳон - 2019 дар Бразилия ширкат варзидааст.

Ғайр аз он, футболбоз ду маротиба дар ҳайати дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон мубориза бурда, се гол ба самар расонидааст.

Мураббии “Химки” собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Игор Черевченко мебошад. Дар айни замон, тими таҳти роҳбарии ӯ дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии Русия ҷои 12-умро ишғол мекунад.

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар тимҳои Русия, ба монанди "Зенит", "Рубин", "Нижний Новгород", "Нефтехимик", "Шинник" ва ғайра бозӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
шартнома, санҷиш, бозигар, ФФТ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ