Фишораш баланд шуд: Раҳимов дар қаҳрамонии Русия ширкат карда натавонист

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкГлавный тренер "Уфы" Рашид Рахимов во время матча "Локомотив" - "Уфа"
Главный тренер Уфы Рашид Рахимов во время матча Локомотив - Уфа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармураббии дастаи "Уфа", Рашид Раҳимов ба далели беморӣ ҳамроҳи дастпарваронаш ба қаҳрамонии Русия парвоз накард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон, сармураббии дастаи футболи "Уфа", Рашид Раҳимов дар бозии 17-уми қаҳрамонии Русия, ширкат карда натавонист, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин даста.

Дар ин бозӣ дастаи "Уфа" муқобили тими "Ростов" баромад мекунад.

​Хадамоти матбуотии дастаи "Уфа" хабар дод, ки сармураббӣ ба далели беморӣ натавонист дастпарваронашро дар ин бозӣ ҳамроҳӣ кунад.

"Рашид Раҳимов бар асари баланд шудани фишори хун худро бад эҳсос кард", - қайд кардааст манбаъ.

Манбаъ афзуда, ки феълан ба саломатии Раҳимов хатаре таҳдид намекунад.

Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

Дар ин росто бозии дастаи "Уфа" - ро мураббии испанӣ Эдуардо Докампо назорат мекунад.

Бино ба гузориши ахир, тими "Уфа" 10 имтиёз дорад ва даста дар ҷои 15-ум қарор гирифтааст.

"Ростов" 29 имтиёз дорад ва дар сатри чорум ҷой дорад.

Лентаи хабарҳо
0