Қадрдонии дастаи ҷавонони "Локомотив-Помир" бо медалҳои тилло

© ФФТВ столичном спорт-баре «Истиклол» сегодня, 9 декабря, прошла официальная церемония награждения дублирующего состава душанбинского «Локомотив-Памира»
В столичном спорт-баре «Истиклол» сегодня, 9 декабря, прошла официальная церемония награждения дублирующего состава душанбинского «Локомотив-Памира» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонони дастаи футболи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе барои пирӯзӣ дар мусобиқаи миёни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бо медалҳои тилло қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Маросими супоридани медалҳои хурди тилло ба ҳайати ҷавонони дастаи футболи "Локомотив-Помир"-и шаҳри  Душанбе, дар толори варзишии "Истиқлол"-и пойтахт баргузор шуд, хабар медиҳад ФФТ. 

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори кулли Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни даста медалҳои тилло ва Ҷоми пирӯзӣ дар мусобиқаи имсоларо тақдим карданд.

Ногуфта намонад, ки дар мавсими сипаришуда захиравиёни дастаи футболи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 18 бозӣ гузаронида, дар 15 бозӣ пирӯз шуданд.

© ФФТВ столичном спорт-баре «Истиклол» сегодня, 9 декабря, прошла официальная церемония награждения дублирующего состава душанбинского «Локомотив-Памира»
Қадрдонии дастаи ҷавонони Локомотив-Помир бо медалҳои тилло  - Sputnik Тоҷикистон
В столичном спорт-баре «Истиклол» сегодня, 9 декабря, прошла официальная церемония награждения дублирующего состава душанбинского «Локомотив-Памира»

Онҳо ду бозиро мусовӣ анҷом дода, ҳамагӣ дар як вохӯрӣ мағлуб гардиданд.

Тибқи иттилои ФФТ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳайати ҷавонони дастаи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанберо барои ба даст овардани медалҳои тилло табрик гуфта, ба бачаҳо дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии наврасони Осиё дар Баҳрайн, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, барору муваффақият орзу намуд.

"Қуллаи шӯҳрати ман фаро мерасад": Асроров ба тими “Шейх Руссел”-и Бангладеш гузашт

Ҳамчунин, директори клуби "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев бозингарони дастаро ба ин муваффақият табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу кард.

Лентаи хабарҳо
0