09:05 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
188 0 0

Созмони ФИФА дар баробари пешниҳод кардани беҳтаринҳои футболи соли ҷорӣ, ҳамчунин номзадҳои беҳтарин дарвозабон ва сармураббиро низ пешкаш карданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Созмони ФИФА барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози соли 2020 сегонаи номзадонро пешниҳод кард. 

Барои соҳиб шудани унвони беҳтарин футболбози сол ҳамлагари мунтахаби Португалия ва "Ювентус" Криштиану Роналду, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва "Барселона" Лионел Месси ва форварди мунтахаби Полша ва "Бавария" Роберт Левандовски мубориза хоҳанд бурд.

Ҳамчунин дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин сармураббӣ муайян карда мешаванд. Барои ин ҷоизаҳо ҳам ФИФА сегонаи номзадонро пешкаш кард.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

ФИФА номи Ян Облок аз "Атлетико", Алиссон Беккер - "Ливерпул", Мануэл Нойер "Бовария" пешбарӣ карааст, ки аз миёни онҳо беҳтарин дарвозабон муайян мешавад.

Дар феҳрасти номзадҳои беҳтарин сармуррабӣ инҳо қарор гирифтанд:

  • Марсело Бйелса (Аргентина, "Лидс Юнайтед")
  • Ханс-Дитер Флик (Олмон, "Бавария")
  • Юрген Клопп (Олмон, "Ливерпул")

Маросими ҷоизасупории The Best 17-уми декабр баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
ФИФА, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ