02:56 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии ин ниҳодро 29 декабр дар шаҳри Душанбе даъват кард

ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар ҷаласа фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи корӣ барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.

“Қайд гардид, ки соли 2021 барои Кумита ва федератсияҳои варзишӣ соли мушкил хоҳад буд, зеро ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Токио, инчунин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қонияи Туркия ва 3-юм Бозиҳои наврасони Осиё дар Шантоуи Чин ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита таъкид намудааст, ки ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио варзишгарони моро зарур аст, ки дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат намоянд.

Дар   19-умин Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ, ки 29 декабр дар назар аст ҳисоботи Кумита дар соли 2020, ҳисоботи комиссияи назорату тафтишот пешниҳод шуда, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2021, Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита тасдиқ карда хоҳанд шуд.

Манбаъ илова намуд, ки инчунин Кумита ба 12 иштирокчии Барномаи “Идора намудани ташкилотҳои варзишии намуди олимпӣ”, ки дар мавзӯъҳои варзиш корҳои илмӣ навиштанд, дипломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим гардид.

Барчаспҳо:
Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ