20:20 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Ду рӯз инҷониб дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Маскав   Ҷоми ҷаҳонии самбо ба   ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 ҷараён дорад, ки дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик ширкат доранд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Варзишгари намуди самбои тоҷик  Алимуҳаммад Алиев дар Ҷоми ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ гардид, гузориш медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ду рӯз инҷониб дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Маскав   Ҷоми ҷаҳонии самбо ба   ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 ҷараён дорад, ки дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик ширкат доранд.

Ҳафт нафари онҳо-Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алиев Алимуҳаммад (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд.

Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд.

Бояд зикр кард, ки  18 декабр дар вазни то 57 кг ду самбочии тоҷик Ардашер Исмоилов ва Алиев Алимуҳаммад барои медали биринҷӣ байни ҳамдигар рақобат намуданд, ки дар натиҷа Алимуҳаммад Алиев бо натиҷаи 6:0 пирӯз шуда, барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии самбо гардид.

Кӣ дар Тоҷикистон шоистаи унвони варзишгари сол аст?-аксҳо

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешаванд. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ