02:53 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон исми 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2020-ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Нарзулло Латифов, раҳбари Анҷуман натиҷагирии ин феҳраст бо назароти хабарнигорони варзишӣ таҳия шудааст.

Ба гуфти Нарзулло Латифов, бинобар пандемияи коронавирус имсол варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мисли солҳои пештар ҳузури пурра надоштанд.

Даҳ варзишкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2020 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон чунин аст:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сербия.

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия.

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (самбо) – дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 90 кг дар Сербия.

Ҳикматулло ВОҲИДОВ (гӯштини озод)  – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Ҳиндустон.

Муҳаммад ИКРОМОВ (гӯштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон.

Искандари РУСТАМ (гӯштини озод) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 97кг дар Ҳиндустон.

Мубинҷон АҲМАДОВ (гӯштини юнониву румӣ)– дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 63 кг дар Ҳиндустон.

Муниса ОЙМАТОВА (таэквон-доWT) — дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ