15:18 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Мудири фаннии тими футболи ҷавонони Эрон гуфт, тимҳои ҷавонону навҷавонони Тоҷикистон ҳарифони қудратманде барои ҳамтоёни эрониашон ҳастанд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳамиди Дурахшон бо ибрози ризоият аз макони иқомату имконоти тамринии тимҳои футболи навҷавонону ҷавонони Эрон дар Тоҷикистон гуфт: “Хушбахтона шароити бисёр хубе дар урдӯи Тоҷикистон дорем ва барномаҳои омодасозии ҳар ду тими навҷавонону ҷавонон ба беҳтарин шакл дунбол мешавад”.

Дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба Ба гузориши сомонаи “Варзиши -3”.

Ҳамчунин мудири фаннии тими миллии футболи ҷавонони Эрон афзудааст, ки Тоҷикистон дар радаи поя тимҳои хубе дорад ва метавонад ҳарифи муносибе барои тимҳои Эрон бошад.

Даври ниҳоии мусобиқоти футболи қаҳрамонии навҷавонону ҷавонони Осиё - 2020 ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтодааст ва қарор аст Конфедератсияи Футболи ОСИЁ таърихи нави баргузории мусобиқотро эълом кунад.

Тими миллии футболи ҷавонони Эрон дар гурӯҳи нахусти ин рақобатҳо бо тимҳои Камбоҷа, Индонезия ва Ӯзбекистон ҳамгурӯҳ аст.

Тими миллии футболи навҷавонони Эрон низ бо тимҳои Баҳрайн, Кореяи Шимолӣ ва Қатар дар як гурӯҳ қарор дорад.

Барчаспҳо:
навҷавонон, Футбол, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ