05:39 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
67602

Дар мусобиқаи Fight Nights Global Winter Winter дар Маскав муштзанҳо Магомед Исмоилов ва Владимир Минеев занозанӣ карданд, ки ба задухӯрди азим мубаддал гашт

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ҷараёни мусобиқаи AMC Fight Nights Global: Ҷоми зимистон, дар Маскав, ки байни варзишкорони муҳорибаи омехта Владимир Минеев ва Магомед Исмоилов муноқиша ба амал омад, боиси занозании азим гардид, менависад ТАСС.

Ҳамзамон, мушаххас шудааст, ки на Минеев ва на Исмоилов дар мусобиқа ширкат надоштанд. Пас аз муноқиша, иштирокдоронро кормандони полиси ОМОН аз ҳам ҷудо карданд.

Гуфта мешавад, муноқиша пас аз он сар зада, ки ҳангоми хотимаи муҳорибаи навбатӣ Владимир Минеев ба октагон, ки ҳамчун меҳмон ҳузур дошт, ворид шуд.

Ӯ баландгӯякро гирифта, бо рақиби деринааш Магомед Исмоилов, ки дар мусобиқа ҳамчун тамошобин нишаста буд, суҳбат кард. Нахуст таниши лафзӣ сар заду пасон ба занозанӣ табдил шуд, ки даҳҳо мухлисон ба муноқиша ҳамроҳ шуданд.

Гуфта мешавад, худи Исмоилов ва Минеев осеби ҷиддӣ надиданд. Кормандони полис Исмоиловро барои тафтиш ба шӯъба бурданд ва дар ҳоле таъкид карданд, ки ин боздошт нест.

Ёдовар мешавем, ки ҳарду размикор рақибони деринаанд ва рақобати охирини онҳо дар мусобиқаи Fight Nights Global 90 моҳи октябри соли 2018 мусовӣ анҷом ёфт, аз ин сабаб ҷангиён то ҳол дар бораи интиқом ба мувофиқа расида наметавонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ