15:16 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
663 0 0

Қаҳрамони феълӣ аз талошҳои роҳбарияти UFC дар мавриди баргардондани ӯ ҳарф зад. Ӯ гуфт, UFC ҳоло барои бозпас овардани ӯ маблағи ҳангуфт ва рақибони ҳархеларо пешниҳод мекунанд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC  дар вазни сабук Хабиб Нурмуҳаммадов аз бозгашти эҳтимолии худ ба октагон гуфт, хабар медиҳад "Матч ТВ".

Ба гуфтаи размикори доғистонӣ, роҳбарияти UFC воқеан мехоҳад ӯро баргардонад. Ӯ гуфт, аз ҷониби роҳбарият ба ӯ пайваста шарту шароитҳои мусоид ва ҳамчунин рақибони нав пешниҳод мешавад.

"Кепка бо акси Масъуд": туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе-видео

Вале Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки ҳоло ӯро ба ҳайрат овардан хеле душвор аст.

"Сардори UFC ва ман доимо дар тамос ҳастем. Ин аз он сабаб аст, ки ӯ воқеан мехоҳад, то ман муборизаро идома диҳам. Ман нӯҳ сол дар лига будам, задухурдҳои зиёд доштам, боре ҳам мағлуб нашудам. Мухлисони зиёд дорам, аз ин рӯ хоҳиши роҳбарияти UFC тааҷҷубовар нест. Онҳо шароит пешниҳод мекунанд, рақибони нав меҷӯянд, вале то ҳол бо ягон размикори пеҳшниҳодкардаи худ маро дилгарму ҳайрон накардаанд", - изҳор дошт Ҳабиб.

Қаҳрамони ҷаҳон ҳамчунин аз вохӯрии қарибулвуқӯи худ бо Дана Уайт, ки моҳи январ сурат мегирад, хабар дод.

"Бисёр чизҳое ҳастанд, ки мо бояд онҳоро муҳокима кунем. Ба октагон бармегардам? Ростӣ ман намехоҳам, ки ин ин кор сурат нагирад", - илова намудаст Нурмуҳамадов.

Ёдовар мешавем, размикори доғистонӣ моҳи октябр Ҷастин Гетҷеи амрикоиро шикаст дода, камарбанди қаҳрамонии худро ҳимоя кард ва пас аз он истеъфояшро аз варзиш эълом кард. Вале баъдтар, роҳбари UFC Дана Уайт борҳо дар бораи эҳтимоли бозгашти Нурмуҳаммадов суҳбат мекард.

Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ