01:04 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
159 0 0

Капитани дастаи "Истаравшан" ва нимҳимоятгари мунтахаби миллии кишвар Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Футболбози 30 - сола Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози соли 2020 эълон гардид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳамчунин ҳамчунин беҳтарин ҳамлагари мавсими гузашта дониста шуд.

Дар асоси натиҷагирии мавсими футбол дар соли 2020 беҳтаринҳо дар лигаи наврасон, лигаи бонувон, чемпионат оид ба футзал, чемпионати оид ба футбол миёни собиқадорон, ҷавонон, лигаи якум, лигаи олӣ ва дигар номинаҳо эълон гардиданд.

Дар номинаи беҳтарин футболбози сол собиқ нимҳимоятгари "Истиқлол" Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозингари "Хуҷанд" Фатҳулло Фатҳуллоев ва капитани "Истаравшан" Илҳом Баротов муддаӣ буданд.

Давраи ҳафтуми чемпионат: беҳтарин бонувони футболбоз муайян шуданд

Гузашта аз ин, Рустам Ятимов (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон-2020, Фирдавс Чақалов (“Хуҷанд”) беҳтарин ҳимоятгар, Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”) беҳтарин нимҳимоятгар, Виталий Левченко (“Истиқлол”) беҳтарин мураббӣ, Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) беҳтарин довари сол дониста шуданд.

Ҷоизаи беҳтарин легионерро, ки дар Чемпионати Тоҷикистон баромад карданд, Алексей Ларини украинӣ (“Истиқлол”) ба даст овард.

Барчаспҳо:
футболбозӣ, беҳтарин, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ