03:01 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 29 иншооти варзишӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Тоҳиров Фирӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ дар Бӯстон майдони варзишӣ сохт

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ дар 11 моҳи соли равон 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 9 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба маблағи 28 миллиону 103 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 10 миллиону 727 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Соҳибкоре дар Суғд майдони варзишӣ сохт: раис онро ба баҳрабардорӣ расонд

Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд таъкид доштааст, ки айни ҳол дар миқёси вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Барчаспҳо:
майдон, сохтмон, варзиш, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ