02:54 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки Бозиҳои соҳилии Осиё дар шаҳри Саняи Чин ба далели пандемияи коронавирус бори дуюм мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Шӯрои олимпии Осиё (OCA) хабар дод, ки ин чорабинӣ дар санаҳои пешбинишуда - аз 2 то 10 апрели соли 2021 баргузор нахоҳад шуд. Дар аввал бозиҳо мебоист аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020 баргузор мешуд.

Манбаъ аз қавли ОСА афзуд, санаи нави бозиҳо пас аз машварати муштараки ҷонибҳои манфиатдор муайян карда мешавад. Нигаронӣ аз вируси COVID-19 дар ҳафтаҳои охир, пас аз пайдо шудани як намунаи нав дар Бритониё, ки гумон меравад, то 70 дарсад бештар интиқолшаванда аст, афзоиш ёфт.

Паҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода барои роҳхати Олимпиада мубориза мебарад

"Қарори кумитаи иҷроияи OCA пас аз муҳокима байни OCA, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Саня, бо мақсади манфиатҳои умумии ҳама кумитаҳои миллии олимпии марбута ва таъмини амният ва саломатии варзишгарон ва иштирокчиён, қабул шуд", - омадааст дар изҳороти OCA.

OCA минбаъд низ вазъиятро назорат хоҳад кард ва бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳо ҳамкории зич хоҳад дошт ва дар бораи санаи ояндаи Бозиҳои VI соҳилии Осиё тасмим хоҳад гирифт.

OCA моҳи августи соли равон пас аз он ки Ҳукумати Чин аксари чорабиниҳои варзишии байналмилалиро дар соли 2020 дар робита ба бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ манъ кард, эълон дошт, ки ин чорабинӣ ба соли 2021 гузаронида шуд.
Саня, ки дар ҷануби ҷазираи Ҳайнани Чин ҷойгир аст, мебоист шашумин мизбони Бозиҳои соҳилии Осиё бошад. Интизор меравад, дар ин чорабинӣ беш аз 2000 варзишгари 40 давлат иштирок ва аз рӯи 19 намуди варзиш қувваозмоӣ кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ