02:23 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Шабакаи телевизионии “Варзиш” натиҷаи назарпурсӣ миёни корбарони сомонаашро дар бораи беҳтарин варзишгари соли 2020 нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ба иттилои ТВ Варзиш, шуруъ аз 15-уми декабр то 31-уми декабри соли 2020 дар сомонаи расмии ТВ "Варзиш" миёни мухлисону алоқамандони шабака назарсанҷӣ доир ба муайян кардани беҳтарин варзишгари соли 2020 дар Тоҷикистон сурат гирифт.

“Баъд аз ҷамъбасти овоздиҳии мухлисон миёни 10 довталаб Муҳаммад Ёқубов дар риштаи бокси ҳирфаӣ бо гирифтани бештари овозҳо (42,5%) ғолиб баромад. Мавриди зикри хос аст, ки мавсуф дар соли 2020 танҳо як бор ба ринг баромад ва рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ барои дифои камарбанди худ бо Томас Рохаси мексикоӣ набард карда ӯро шикаст дод”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, зинаҳои дуюму сеюмро паҳлавонон Муҳаммад Икромов (гӯштини озод, дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон) ва Хушқадам Хусравов (самбо, дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия) ишғол намуданд.

Топ-10 варзишгари соли аз рӯи фарзияи ТВ “Варзиш”,  Муҳаммад Ёқубов (бокс) – 4134 овоз, Муҳаммадҷон Икромов (гӯштини тарзи озод) – 3070 овоз,  Хушқадам Хусравов (самбо) – 727 овоз,  Меҳрубон Сангинов (бокс) – 391 овоз, Комроншоҳи Устопириён (ҷудо) – 329 овоз,  Илҳом Баротов (футбол) – 305 овоз,  Муҳаммад Наимов (ММА) – 253 овоз, Акмалиддин Каримов (самбо) – 50 овоз, Баҳодур Усмонов (бокс) – 37 овоз, Шаҳбоз Неъматуллоев (бокс) – 12 овоз гирифтаанд.

Барчаспҳо:
варзишгар, беҳтарин, "Варзиш", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ