21:47 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
853 0 0

Бояд гуфт, ки барои бо Ҳабиб дар UFC мубориза бурдан размоварон Майкл Чандлер ва Диллон Денис омодаанд, вале доғистонӣ танҳо ба шарти пардохти 100 млн ба майдон баромаданист

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Алӣ Абдул-Азиз, менеҷери қаҳрамони вазни сабуки UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи муборизаи эҳтимолии қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Флойд Мейвезер ва Ҳабиб андешаҳои худро баён намудааст.

"Барои мубориза бо Мейвезер ба мо 100 миллион доллар пешниҳод карданд то Ҳабиб бо ӯ дар риштаи бокс биҷангад. Дар гуфтушунид Дана Уайт ҳам буд. Аммо шумо медонед, ки Ҳабиб муборизи MMA аст. Агар Флойд хоҳиши ба ММА омаданро дошта бошад, бигзор Ҳабиб дасту остин барзанад, ҳеҷ мушкиле нест", - гуфтааст Абдулазиз.

Бояд гуфт, ки барои бо Ҳабиб дар UFC мубориза бурдан размоварон Майкл Чандлер ва Диллон Денис омодаанд, вале доғистонӣ танҳо ба шарти пардохти 100 млн ба майдон баромаданист.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷии амрикоӣ дар мусобиқаи UFC-254 хотимаи корномаи варзишияшро эълон кард.

Мавзӯъҳои асосӣ