21:07 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1853 0 0

Рақобати варзишкори тоҷикистонӣ ва ҳамтои русиягиаш бисёр диданӣ, вале кӯтоҳ буд. Мубориза дар шаҳри Самара баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Саидмумин Зубайдов дар доираи сабқати ММА Open Fighting Championship, ки дар Самара баргузор шуд, рақибашро дар давоми як дақиқа аз пой афтонд.

Варзишкори тоҷикистонӣ бо намояндаи шаҳри Самара Егор Хорошилов ба майдон баромад. 

Ин рақобат дар давоми на беш аз як дақиқа анҷом ёфт. Аввал Саидмумин интизор шуд ва чун рақибаш ба хатогӣ роҳ дод, даррав ба ӯ дарафтод.

Усмонов боз пирӯз шуд: доварон ғолибиятро ба размикори тоҷик доданд

Варзишкори русиягӣ тавонист рақибашро ба партер кашад, вале бо ин усул ба нафъи варзишкори тоҷикистонӣ кор кард.

Саидмумин Зубайдов рақибашро буғӣ карда ғолибиятро ба даст овард.

Саидмумин Зубайдов аз номи клуби "Аҳмад" - и Тоҷикистон баромад мекунад, вале дер боз Сизраниро дар мусобиқаҳо намояндагӣ мекунад.

Барчаспҳо:
буғӣ кардан, мубориза, варзишкор, рақиб, тоҷикистонӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ