19:40 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Тибқи низомномаи мусобиқаи "Мастерс" ба нафаре, ки ҷои 5 - умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Темур Раҳимов ҷудокори варзидаи тоҷик дар мусобиқаи бонуфузи "Doha Masters 2021" мақоми панҷумро аз худ кард, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)

Ба иттилои манбаъ, Раҳимов дар аввалин рақобаташ ҷудокори Австрия Штефан Хегиро дар "голден-скор" бо иҷрои "окури-аши" шикаст дод.

Мақоми Сомону Беҳрӯз ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо маълум шуд

Дар даври дуюм ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Рио-2016 – варзишгари Исроил, Ор Сассонро дар вақти изофӣ  шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин марҳила ӯ бо варзишгари русиягӣ - Инал Тасоев ба татами баромад, вале натавонист бар ин ҳарифаш дастболо гардад. 

Дар даври тасаллобахш  Темур аз як ҳолати мусоид истифода бурда, ҳарифи худ Ким Минёнгро дар ҳолати "осаекоми" нигоҳ дошт ва бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.

Ҳамин тариқ, барои дарёфти медали биринҷӣ Темур Раҳимов  бо дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2015, ғолиби Чемпионати ҷаҳон-2016 миёни ҷавонон, намояндаи Украина  Яков Хаммо рӯ ба рӯ шуд.

Дар ин рақобати ҳалкунанда Темур Раҳимов шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Тибқи низомномаи мусобиқаи "Мастерс" ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад.

Барчаспҳо:
варзишгари тоҷик, ҷудо, мусобиқа

Мавзӯъҳои асосӣ