Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

© ФФТЮношеская лига Таджикистана U-17
Юношеская лига Таджикистана U-17 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Нуъмонҷон Юсупов -сармураббии дастаи Олой-и Ош - Sputnik Тоҷикистон
Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Тавре  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра гузаронда мешаванд.

"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян  хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - менависад манбаъ.

Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда  ба даст меоранд.

Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?

Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0