Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

© Sputnik / Антон ДенисовАрбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони кишвар бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Юношеская лига Таджикистана U-17 - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи "Ал-Хазм" ишғол менамояд.

Лентаи хабарҳо
0