10:20 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
694 0 0

Размикори амрикоӣ Дастин Поре пирӯзияш бар варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар UFC 257 шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Варзишкори муҳорибаи омехтаи амрикоӣ Дастин Поре иқрор кард, ки аз пирӯзӣ бар Конор Макгрегор ҳайрон нашуд.

Поре қайд кард, ки ӯ ҳар рӯз барои натиҷа кор мекунад.

"Ман барои натиҷа бо тамоми ҳастиям талош мекунам. Конорро воқеан эҳтиром мекунам. Ӯ як мутахассиси воқеӣ аст, мумкин аст, ки мо боз ҳам мубориза барем",- гуфт размикори амрикоӣ.

Поре рӯшан кард, ки намехост корро ба дарозо кашад, аз ин лиҳоз муҳорибаро аз нигоҳи техникӣ афзалтар донист.

"Ман маҳорати хуби муштзанӣ дорам, аммо баъзан мисли дарранда мешавам ва худро идора карда наметавонам", - шарҳ дод Дастин.

Поре инчунин гуфт, ки худро қаҳрамони UFC дар вазни сабук мешуморад, зеро дорандаи камарбанд Ҳабиб Нурмуҳаммадов тарки майдон кард.

Таърихи рақобатҳои Поре ва Макгрегор

Дастин Поре ва Коннор Макгрегор бори аввал соли 2014 дидор карданд. Ин рақобат 106 сония давом карда, Конор Дастинро нокаут карда буд.

Шаби 24 январ дар мусобиқаи UFC байни Маккрегор ва Поре бозии ҷавобӣ ташкил карда шуд. Мубориза ду давр давом кард.

Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

Дар аввал, Дастин зарбаҳои Конорро сар дод, аммо дар ниҳоят ӯ худро ба ҳам кашида, ҳамлаҳои пайдарпай оғоз кард.

Дар натиҷа, Макгрегор муқовимат карда натавонист ва нокаут шуд. Зарба чунон сахт буд, ки ирландӣ чанд дақиқа ба по рост шуда наметавонист.

Мавзӯъҳои асосӣ