13:38 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
493 0 0

Заррух Адашев, ки аслаш аз Тоҷикистон, вале зодаи Самарқанд мебошад, нахустин варзишгаре хоҳад буд, ки ба UFC роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Размикори ӯзбек, ки ахиран шомили UFC гардидааст, аслан тоҷик аст, вале дар Самарқанд ба воя расидааст. Ӯ худ тоҷик буданашро инкор намекунад ва мегӯяд, чун дар Ӯзбекистон хуни нофаш рехтааст, аз ин рӯ бо парчами ин кишвар ба майдон мебарояд.

Адашев ҳанӯз ним сол қабл вориди UFC шуд, вале муборизаи ӯ бидуни пирӯзӣ анҷом ёфт. Инчунин набарди рӯзи 20 январ ҳам барои ӯ ноком гузашт.

Ин размикор мегӯяд, муоширати ӯ бо волидонаш аслан бо забони тоҷикӣ аст, вале чун дар Ӯзбекистон калон шудааст, аз ин рӯ маҳз ин кишварро намояндагӣ мекунад.

Варзишгари 20 солаи тоҷик аз Русия бо медали тилло баргашт

Адашев дар муроҷиат ба ҳаводони тоҷику ӯзбеки худ мегӯяд ӯро тақсим накунанд ва аз ӯ наранҷанд.

Ин размикор соли 2019 озими Амрико шуд ва новобаста ба тамоми мушкилоте, ки ӯро дунболагир буд, тавонист мавқеяшро дар ҷомеа дарёбад.

Заррух Адашев дар Амрико ҳам ронандаи таксӣ ва ҳам ҳаммол буд, вале ҳоло ки бо UFC созишнома бастааст, ҷаҳд дорад то камардандро ба даст орад.

Барчаспҳо:
навор, варзишгар, тоҷик, қаҳрамони UFC

Мавзӯъҳои асосӣ