22:30 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1240 0 0

Размикори тоҷик Фаридун Одилов дар мусобиқаи Eagle FC 33, ки дар шаҳри Маскав шоми дирӯз баргузор гардид, қаҳрамон шуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Размикори тоҷик Фаридун Одилов дар мусобиқае, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов созмон дода буд, ҳарифашро шикаст дод ва унвони қаҳрамониро аз худ кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от ФАРИДУН ОДИЛОВ (@odilov.faridun)

Муҳорибаи Фаридун шоми рӯзи 9 феврал баргузор шуд ва набарди асосии мусобиқаи Eagle FC 33 ба шумлор мерафт. Одилов, ки дар вазни 84 кило баромад мекард, тавонист камарбанди қаҳрамонии "Eagles Fighting Championship2" аз худ кунад.

Ҳарифи ӯ, размикор аз Русия Сергей Калинин буд, ки дар даври сеюми мусобиқа аз роҳӣ буғӣ кардан мағлуб шуд.

Ин пирӯзии 11-уми Одилов дар MMA мебошад. Муборизи тоҷик қаҳрамони нави ташкилот дар вазни миёна шуд. Инчунин Фаридун Одилов қаҳрамони нави Eagle FC дар вазни гарон гардид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи хатми фаъолияти варзишии худ хабар дод. Сипас маълум гардид, ки қаҳрамони ҷаҳон соҳиби промоушен бо номи Eagle Fighting Championship (EFC) гардидааст.

Размикори доғистонӣ президенти промоушени худро муаррифӣ кард, ки он Шамил Завуров мебошад.

Барчаспҳо:
қаҳрамон, қаҳрамонӣ, рақобат, буғӣ кардан

Мавзӯъҳои асосӣ