Бидуни карнаю сурнай, вале бо ҳузури мухлисони зиёд: пешвози Одилови қаҳрамон - навор

Обуна шудан
Фаридун Одилов, ки дар мусобиқаи Eagles Fighting Championship унвони қаҳрамониро аз худ кард, ба Тоҷикистон баргашт
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Размикори тоҷик ва ҳоло қаҳрамони Eagle FC дар вазни гарон, Фаридун Одилов бо камарбанди қаҳрамонӣ ба Тоҷикистон баргашт.
Маъмулан, дар Тоҷикистон варзишгароне, ки дар сабқат пирӯз мешаванд ва унвони қаҳрамониро аз худ мекунанд, бо карнаю сурнай ва гулдастаҳои зиёд пешвоз гирифта мешаванд.
Аммо, Фаридун Одиловро бидуни дабдабаи зиёд дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.
Шояд пешвози хоксоронаи размикори тоҷик айби пандемияи коронавирус бошад.
Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Размикори тоҷик Фаридун Одилов, Калининро буғӣ карда, қаҳрамон шуд - видео
Вале, теъдоди зиёди мухлисон ба пешвози Фаридуни қаҳрамон омаданд ва саъй намуданд то бо размикори тоҷик аксбардорӣ кунанд.
Дар наворе, ки аз пешвози Одилов дар фурудгоҳи Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, маълум аст, ки мухлисон омадани ӯро ба ватан интизор доштанд ва ҳама бо ифтихор ба ӯ назар мекарданд.
Дар навор маълум аст, ки Одилов низ хоксорона дасти қариб ҳамаи мухлисонашро мефишурд ва бо табассум бо онҳо ҳарф мезад.
Муҳорибаи Фаридун шоми рӯзи 9 феврал баргузор шуд ва набарди асосии мусобиқаи Eagle FC 33 ба шумор мерафт. Одилов, ки дар вазни 84 кило баромад мекард, тавонист камарбанди қаҳрамонии "Eagles Fighting Championship2" аз худ кунад.
Ҳарифи ӯ, размикор аз Русия Сергей Калинин буд, ки дар даври чоруми мусобиқа аз роҳӣ буғӣ кардан мағлуб шуд.
Ин пирӯзии 11-уми Одилов дар MMA мебошад. Фаридун Одилов ҳамакнун қаҳрамони нави Eagle FC дар вазни гарон гардид.
Лентаи хабарҳо
0