18:33 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб хатм шуд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бозии дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021, 13 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб хатм шуд. Нахустин шуда дар дақиқаи 18-ум Аваз Қамчинов дастаи "Равшан"-ро ба пеш баровард.

Аммо хурсандии футболбозони дастаи "Равшан" дер давом накард, чаро ки дар дақиқаи 32-юм легионери дастаи КМВА – Феликс натиҷаро баробар кард. Кӯшишу талошҳои футболбозони кӯлобӣ самар оварду дар дақиқаи 57-ум боз Аваз Қамчинов гол зада, ба дастааш пирӯзӣ овард.

Баъди ин бозӣ дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо касби 6 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи"А" қарор дорад.

Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор

Ёдовар  мешавем, ки дар даври сеюм имрӯз, 15  феврал дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад.

Барчаспҳо:
ғолибон, футбол, финал, Ҷоми ФФТ

Мавзӯъҳои асосӣ