04:21 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
269 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ҷараёни набард бо Ҷастин Гетҷи гуфтугӯ кард, ки ин барои рӯҳан саркӯб кардани душман кӯмак расонд

ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Қаҳрамони UFC  оид ба вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи як ҳиллаи психологие, ки ҳангоми мубориза бо рақиби худ Ҷастин Гетҷи ба кор бурд, нақл кард.

Размикор зимни мусоҳиба дар шабакаи "Лысый Хищник" дар YouTube хотираҳои худро дар бораи муборизаи пуровозааш нақл кард.

Маълум шуд, ки замони набард Ҳабиб тасмим гирифт, ки бо рақибаш да октагон сӯҳбат кунад. Ин идея пас аз якчанд зарбаҳои беҷавоб ба сари Ҳабиб омадааст.

"Ҳаминқадар тамом?" – ин суоле буд, ки Ҳабиб аз рақибаш Гетҷӣ мепурсид. Ҳарифи ӯ пас аз ҳар як зарбаи расондаи худ, чунин суол мешунавид, ки руҳан ӯро беқарор ва то андозае дар ҳайрат ҳам гузошт.

Ба нақли ӯ, пас аз ин суолҳо, бо пой ба шиками ҳариф зарба зад.

Пас аз зарба мебинад, ки Гетҷӣ нафаси вазнин мекашад, ӯ бори дигар аз рақибаш пурсид, ки оё ӯ аз аклиматизатсия ранҷ мекашад?

Ҷангро идома дода, Гейҷ посух дод, ки ӯ хуб аст.

"Ман дар бораи худ фикр мекунам: ман савол додам. Чаро ту ҷавоб медиҳед? Мо ҷанг мекунем", - гуфт Ҳабиб.

Маълум мешавад, дар он лаҳза ӯ дарк кард, ки ҳариф аллакай таслим шудааст.

Ҳамзамон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов бовар дорад, ки вай дар ин мубориза "на аз ҷиҳати ҷисмонӣ", балки ба шарофати як усули равонӣ пирӯз шудааст.

"Ман тавонистам ӯро шиканам", - хулоса кард варзишгар.

Ёдовар мешавем, ки шаби 25 октябри соли 2020 задухӯрд байни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷӣ баргузор шуд. Мубориза камтар аз ду давр давом кард ва бо пирӯзии размикори доғистонӣ ба поён расид.

Пас аз он, Хабиб Нурмуҳаммадов UFC-ро тарк кард.

Рабаданов: Ҳабиб ба хотири шӯҳрату доллар ваъдаашро вайрон намекунад

Дар маҷмӯъ, Нурмуҳаммадов дар 29 мубориза 29 ғалаба дорад ва дар тамоми карераи варзишии худ ягон мағлубият надорад.

Ёдовар мешавем Ҳабиб дар муҳорибаҳои қаблияш низ дар баробари зарбаҳо ба ҳарифонаш фишори равонӣ меовард. Яке аз чунин наворҳои суханронии ӯ ҳангоми набард бо Конор низ нашр шуда буд, ки корбарон онро нодиртарин усули роҳгум кардани арзёбӣ карданд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ