12:13 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бори шашум ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи ҷумҳурӣ – ФФТ гардид

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” имрӯз дар майдони марказии Душанбе баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 90+4 Алексей Ларин зад, хабар дод Кумита.

Манбаъ афзуд, медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 бошад, насиби дастаи “Регар-ТадАЗ” гардид.

Дастаи шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ҷои сеюм тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳар ду голи тими ғолибро Диловаршоҳ Ғаниев ба ҳадаф расон.

Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кардааст, ки Ҷоми ФФТ маротибаи даҳум баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ғолиби Ҷоми ФФТ шуда буд. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ду маротиба, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ якмаротибаӣ Ҷомро ба даст овардаанд.

Барчаспҳо:
Футбол, ҷом, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ