Чемпионати ҷаҳон-2022: санаи бозӣ байни мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон дақиқ шуд

© ФФТНациональная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Обуна шудан
Бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё тақвими марҳилаи дуюми интихобии  Чемпионати ҷаҳон – 2022-ро  дар моҳи марти соли ҷорӣ эълон кард. Аксари бозиҳо ба моҳи июн гузаронида шудаанд.
Футбольный товарищеский матч между Таджикистаном и Иорданией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Баъди бурду бохт аз Урдун: Тоҷикистон мавқеяшро дар радабандии нави ФИФА тағйир дод
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии  Чемпионати ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи “F” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе  соати 18:00 оғоз меёбад.
Илова ба бозии Тоҷикистон — Муғулистон, боз се бозии дигари мусобиқаи интихобии  ЧҶ — 2022 дар Осиё моҳи март баргузор мешаванд — Арабистони Саудӣ — Яман (25 март, Риёз), Непал — Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Япония (30 март, Чиба, Ҷопон).
Бояд таъкид намуд, ки ки моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) бозӣ мекунад. 
Лентаи хабарҳо
0