Пас аз тавсияи Ҳабиб: Махачев ҳарифи амрикоияшро бо усули буғӣ кардан ширкаст дод-видео

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкРосийский боец Ислам Махачев
Росийский боец Ислам Махачев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Обуна шудан
Ислом Махачев дар тамоми мубориза бартарӣ дошт ва яке аз пуштибону таҳрикдиҳандаи ӯ Хабиб Нурмуҳаммадов буд
ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Размикори шинохта Ислом Махачев дар UFC 259 дар Лас Вегас бар Дрю Добери амрикоӣ пирӯзии комил ба даст овард.
Номбурда дар тӯли тамоми мубориза бартарӣ дошт ва Добери 32-соларо маҷбур кард, ки дар даври севум бо усули буғи кардан таслим шавад.
Яке аз маслиҳатгарони Махачёв Ҳабиб Нурмуҳаммадов буд.
Пас аз даври аввал, ӯ ба доғистонӣ тавсия дод, ки "ҳамаи ҳамон корро" иҷро кунад, рақибро афтонад ва ҳама чизро дар замин ҳал кунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

Мавриди зикр аст, ки Махачеви 29-сола дӯсти ситораи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад. Пас аз ин набарди Махачев 19-умин пирӯзияшро ба даст овард. ғалаба ба даст овард. Дар корномаи варзишияш ӯ танҳо як мағлубият дорад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

Махачев фавран пас аз мубориза гуфт, ки вай омодааст бо рақибони олӣ, ба монанди Тони Фергюсон мубориза барад.
Лентаи хабарҳо
0