Хушқадам боз дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев пирӯз шуд

© Страница Х. Хусравова в FacebookХушкадам Хусравов. Архивное фото
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Ахиран бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар шаҳри Маскави Русия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар намуди самбо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон дар ин мусобиқа  вазишгари  шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид.
Президент Международной федерации самбо Василий Шестаков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Шестаков: Самбочиёни тоҷик метавонанд дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав медалҳои тилло бигиранд
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд.
Варзишгари тоҷик зимни бар ҳарифи худ пирӯз шуда,маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид.
Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.
Варзишгарони тоҷик ба Маскав меоянд: соли пеш аз ин мусобиқа 5 медал оварданд, имсол чӣ?
Хушқадам Хусравов  соли  2018  дар  чемпионати ҷаҳон, ки  дар  пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест  баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. 
Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.
Лентаи хабарҳо
0