Ҷудокори тоҷик дар Тбилисӣ ҷойи сеюм ва 1500 доллар гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо - Гранд слами Тбилисӣ, варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни 60 кило сазовори медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар мусобиқа 464 варзишгар, аз ҷумла 253 мард ва 211 зан аз 80 давлат ширкат доранд.
Қаҳрамонӣ оид ба ҷудо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Аксҳои беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон, ки дар Душанбе муайян шуданд
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду нафар – Шаҳбоз Саидаброров дар вазни 60 кило ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило намояндагӣ мекунанд.
“Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дод.
Медали тиллои ин вазнро варзишгари мизбон Темур Нозадзе ба даст овард. Медали нуқра насиби Комрон Нурилоеви узбекистонӣ ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгаи Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов шуд, афзуд Кумита.
Манбаъ афзуд, барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюм мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки ширкат мекунад. Ӯ се ҳафта қабл дар Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд.
Шаҳбоз барои ин дастоврадаш бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол мегардад ва мавқеашро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунад. Комроншоҳ Устопириён 28 март – рӯзи сеюми мусобиқа - рӯи татамӣ мебарояд ва барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.
Лентаи хабарҳо
0