Рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар Бишкек маълум шуданд

© официальный сайт Международной федереции дзюдоДзюдаист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдаист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз натиҷаи қуръакашӣ барои иштирок дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия - “Аsia-Oceania Senior Championships”, ки дар Бишкек баргузор мешавад, хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки аз  5 то 9 –уми апрел даро шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муайян шуданд. Дар маҷмуъ дар ин зӯрозмоӣ 215 варзишгар аз 30 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Куштӣ дар Кӯлоб: аз қадрдонии Расул Боқиев то бохти варзишкорони рус аз рақибони тоҷик
 Бар асоси натиҷаҳои қуръакашӣ, дар даври аввали вазни 48 кило миёни занон Ка Ки Вонг аз Ҳонконг ва Шукрона Карчиева аз Тоҷикистон зӯрозмоӣ мекунанд. Дар вазни то 52 кило Гулбодом Бобомуродова аз Туркманистон ва Аҳлия Мӯъминова аз Тоҷикистон майдондорӣ мекунанд.
Тинка Истон аз Австралия  бо Фазилат Гулбоева аз Тоҷикистон ба майдон мебарояд.
Федератсияи ҷудо дар мавриди натиҷаҳои қуръакашӣ барои сабқати мардон, иттилоъ дод, ки паҳлавонҳои тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо  Айяш Ахмед аз Яман,  Акмал Муродов бо Халил Ребаҳи аз Қатар зӯрозмоӣ мекунад.
Дар вазни то 81 кило Мун Ҷин ЛИ аз Кореяи Ҷанубӣ бо Ҳақназар Назаров аз Тоҷикистон, дар вазни то 90 кило  Комроншоҳ Устопириён бо  Шатлик Тораев аз Туркманистон майдондорӣ мекунанд.
Давлат Бобонов (Ӯзбекистон)  бо Ҷаҳонгир Маҷидов  ва дар вазни то 100 кило Кайхан Озчичека-Такаги аз Австралия бо Мансур Раҳмон ба майдон мебароянд.
Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам  (Ҳиндустон) ва Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)  зӯрозмоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0