23:30 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013

Раҳмони 63-сола: 23 сол боз дар сари қудрат

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Маълумотнома
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 октябр ба синни 63-солагӣ қадам ниҳод.

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад. Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад. Ҳаминтариқ дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард. Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Оиладор ва падари нуҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад. Писари калонии ӯ, Рустами Эмомалӣ аз ҷавонтарин мансабдорҳои тоҷик ба шумор меравад, ки ба ӯ унвони генерал-майор дода шуда, роҳбарии Агентии мубориза алайҳи фасоди молӣ ва назорати давлатиро ба ӯҳда дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раисҷумҳури Тоҷикистон будан, баъзе аз мақомҳои дигари расмию уҳдадориҳои ҷамъиятиро ҳам дар ихтиёр дорад. Ӯ ҳоло президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳукумат, сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳ, раиси Кумитаи миллии олимпӣ, раиси Шӯрои тозатаъсиси кор бо ҷавонон,раиси Шӯрои амният, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст.

 

Барчаспҳо:
генерал майор, раисҷумҳур, 63-сола, Эмомалӣ Раҳмон, президент, зодрӯз, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Сарбанд, Данғара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ