14:41 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Кӯли Сарез дар куҳҳои Помир. Акс аз бойгонӣ

Сарез-марвориди кабуд дар куҳҳои Тоҷикистон

© AFP 2019 / KADAM MASKAYEV
Маълумотнома
Гирифтани линки кӯтоҳ
319 0 0

Маҳз дар ҳамин рӯз, 105 сол қабл аз ин яке аз кӯлҳои ҷавонтарин ва баландтарин дар ақсои олам- Сарез ба вуҷуд омадааст.

Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст.. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастаанд.

Ҳар сол сатҳи об то ҳаштод метр боло рафта,боиси аз байн рафтани чандин мавзеъҳо мегардад. Яке аз аввалин деҳаҳое, ки зери обо монд, рустои Сарез буд,ки кӯл номи худро аз ин деҳа гирифтааст.

Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.

Кӯл дар минтақаи баландтарини Помир ҷойгир буда, имкони такроршавии зилзилаи то 8-9 балла дар 250 сол-1 маротиба, мувофиқи манбаъҳои дигар-1 маротиба дар 2000 сол, бо 7 балл-1 дар 100 сол вуҷуд дорад.

Мувофиқи пешгӯии баъзе олимон, дар сурати заминҷунбӣ ҳавзи бузурги обӣ ба вуҷуд омада, сарбандро убур мекунад. Дар аввал он сели обии пуриқтидорро ба вуҷуд меорад ва ниҳоят сарбандро шуста мебарад.

Дар натиҷаи ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ, масири об кушода шуда, боиси ба вуҷуд омадани сели обӣ бо қувваи бузург мегардад. Дар натиҷа, минтақаҳои поёноби Амударё, нуқтаҳои аҳолинишини Афғонистон, Тоҷикистон,Туркманистон ва Ӯзбекистон хисороти бузург хоҳанд дид. Дар минтақаҳои хатарнок тақрибан 6 миллион нафар умр ба сар мебаранд.

Соли 2000 ҳукумати чор кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ироаи кумакҳои фанниву молиявӣ дар масъалаи кӯли Сарез муроҷиат карда буданд.

Худи ҳамон сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди коҳиш додани хатари кандашавии Сарез барои солҳои 2000-2006 ба кор шурӯъ кард. Корҳо бо тартиб додани низомӣ огоҳсозӣ маҳдуд шуданд.

  • Кӯли Сарез соли 1979
    Кӯли Сарез соли 1979
    © Sputnik / Сметанин
  • Акси кӯли Сарез дар куҳҳои Помир аз моҳвора
    Акси кӯли Сарез дар куҳҳои Помир аз моҳвора
    © Sputnik / Л. Денисов
  • Намои куҳии кӯли Сарез.  Акс аз бойгонӣ
    Намои куҳии кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ
    © Sputnik / Ратушенко
  • Сайёҳати обӣ дар кӯли Сарез.Акс аз бойгонӣ
    Сайёҳати обӣ дар кӯли Сарез.Акс аз бойгонӣ
    © Sputnik / Шерстенников
  • Барои Сарез таҷҳизоти вижаи гидромелиоарторӣ оварданд. Акс аз бойгонӣ
    Барои Сарез таҷҳизоти вижаи гидромелиоарторӣ оварданд. Акс аз бойгонӣ
    © Sputnik / Сметанин
1 / 5
© Sputnik / Сметанин
Кӯли Сарез соли 1979

Мавзуъ

Пан Ги Мун аз кули Сарез боздид мекунад
Барчаспҳо:
соли 1911, дарозии обанбор, Сарез, кӯли Сарез, обанбор, Ӯзбакистон, Туркманистон, Рӯшон, Сарез, ВМКБ, Бадахшон, Помир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ