00:45 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Усадьба Долгоруковых — Бобринских Москва

Хонае дар Малой Никитской: таърихи Тоҷикистон дар хонаи ашрофзодагони рус

© Sputnik /
Маълумотнома
Гирифтани линки кӯтоҳ
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)
163 0 0

Кам одамон медонанд, ки қасре дар Малой Никитской дар гузашта ба граф Алекскй Бобринский – пажуҳишгари навоҳии куҳистони Тоҷикистон тааллуқ дошт

ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik, Лев Рыжков. Дар маркази Маскав тақрибан 400 метр дуртар аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия қасри қадимие ҷойгир аст, ки дар таърихи моликони ӯ саҳифае ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин работи шаҳри Бобринскиҳо аст, ки дар кӯчаи Малая Никитская хонаи 12 ҷойгир аст.

Ин хона дар охирҳои асри XIX ва аввалҳо асри XX ба Алексей Боринский, пажуҳишгари рус, ки чанд маротиба ба куҳистони Тоҷикистон ва махсусан Помир ҳаракат сафари таҳқиқоти анҷом дода буд таалуқ дошт. Пажуҳишгари рус дар яке аз ҷойҳои нодири Тоҷикистон - ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ низ будааст ва дар дохили ғор шабро рӯз карда будааст.

Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, солҳо боз таваҷҷӯҳи зоирон аз саросари Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро ба худ ҷалб кардааст. Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ ба рӯйхати мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шомил гардидааст.

Ин ғор дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр дар баландии кӯҳи Арғаб ҷойгир буда, бо ҷасади ба эҳтимоли зиёд мумиёишудае дар даромадгоҳаш даҳсолаҳо боз ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Ҷасадро сокинони маҳаллӣ ва аксари муаррихон ба Хоҷа Исҳоқи Валӣ ном як шахсияти маъруфи исломӣ марбут медоданд.

Ғоре, ки то кунун касе то поёнаш нарафтааст, бо ҷасади садсолаҳо дар даромадгоҳаш беосеб дар зеҳни сокинон садҳо мӯъҷиза ва нақлу ривоятҳоро эҷод кардааст. Дар дохили ғор ҳам, ба гуфтаи муаррихон, беш аз сесад ҷасади дигар ҳам вуҷуд дорад. Аммо инро низ бештар ривоят меҳисобанд ва баъзе ба он бовар надоранд.

Эътиқоди сокинон ба мӯъҷизаҳои ин мавзеъ ва шахсияти бузург будани ҷасад замоне бештар шуд, ки дар моҳи июли соли 1999 чархболи марбут ба пойгоҳи Русия гӯё бидуни ҳеҷ садамае дар ин ҷо суқут кардааст.

Ин чархбол бо хоҳиши Ҷамолиддин Комилов, корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои бунёди масҷид ба ин мавзеъ масолеҳи сохтмонӣ мебурд. Дар пайи ин садама модар, ҳамсар ва писари 20 солаву духтари 18-солаи Комилов ба ҳалокат расиданд. Комилов бо ду сарнишини рус зинда монд ва ривояте низ ҳаст, ки пас аз ин ҳодиса ҳар ду ронандаи чархбол дини исломро пазируфтаанд.

Бобринский абераи насли Екатерина II

Ин қасрро дар охири асри XVIII княз Андрей Долгоруков падари генерал-губернатори машуҳри Маскав Владимир Долгоруков бунёд карда буд. Долгоруков кудакияшро дар ин ҷо гузаронида будааст. Дар соли 1812 дар ин бино сухтори калоне низ ба амл омада будааст. Тахмин меравад, ки дар ин бино Александр Пушкин низ иқомат карда бошад.

 

Усадьба Долгоруковых — Бобринских Москва
Усадьба Долгоруковых — Бобринских - дом на Малой Никитской в Москве

 

Ин қаср ба ҳайси туҳфа ба домод ва машваратчии ашрофзода – Прокопий Соковнин дода шуда буд. Баъди чанд сол духтари молики нави ин бино София ба граф Василий Бобринский набераи Екатеринаи II ва декабристи оянда ба шавҳар баромад. Дар ҳақиқат насли граф- Боринскийҳо аз Екатеринаи Кабир ва Григорий Орлов оғоз меёбад.

Дар ҳақиқат аз авлоди онҳо олимону нависандагону шоирони машҳур баромаданд, аммо мо дар бораи Алексей Боринский мутаваллиди соли 1861 дар шаҳри Маскав ва сафарҳои пажуҳишии он ба Тоҷикистон маълумот хоҳем дод.

Пажуҳишгари фаромушшуда

Граф Алексей Бобринский яке аз аввалин таҳқиқотгаронест, ки ба Тоҷикистон сафарҳои пажуҳиши анҷом дода ба корҳои кашшофии замину минтақаҳои барои инглисҳо номаълум машғул шуда забон ва фарҳанги тоҷикиро омухтааст.

То сафари ӯ ба Бухорои Шарқӣ танҳо ҳайати ҳарбӣ-стратегии ҳудудгузории ҳудудӣ сафар карда буданд. Дар Русия дар бораи ин сарзамин маълумоте мавҷуд набуд. Бобринский яке аз онҳоест, ки сарзамини имрӯза Тоҷикистонро пиёда ва савори асп тай кардааст.

“Бобринский се маротиба ба Тоҷикистон ва Помир сафар карда аст. Бори аввал дар соли 1895, дуюм дар соли 1998 ва бори охир дар соли 1901 пиёда ва бо асп сафар кардааст. Ҳарсе дафъа ҳам вай бо роҳҳои гуногун сафарашро дар Тоҷикистон давом медодааст. Вай якчанд китоб ва мақолаҳо дар ин бора навиштааст. Алакай дар хурди навиштаҳо ва эҳтироми Алексей Бобринский нисбати халқи тоҷик маро таъсир карда буданд”, мегуяд коргардрни машҳур Давлат Худоназаров.

Дар ин сафарҳо вай танҳо набуд, бо ӯ ду олими дигар – таърихчӣ-шарқшинос А.А. Семенов ва зоолог (олими соҳаи ҳайвонотшиносӣ) Н.В. Богоявленский, ҳамроҳ буданд.

Чаро махсусан Тоҷикистон? Сабаб дар он буд, ки минтақаҳои дар охири асри XIX ба империяи Рус шомил карда шуда, ба мардуми рус шинос набуданд. Дар бораи ин минтақа танҳо аз харитаҳои топографӣ, ки сарҳадашон бо Афғонистон ва Бритониё ҳаммарз буд, медонистанд.

Танҳо баъди омӯзиш ва кашшофиҳои Бобринский дар Русия дар бораи фарҳангу маданият ва халқи ин минтақа маълумот пайдо шуд. Инчунин дар маводҳои Бобринский шабоҳат миёни мардум ва урфу одати халқҳои ин диёр ва Русия исбот карда шудааст.

Дар се сафар Бобринский  тавонист дар маркази Осиёи Миёна аз Самарқанд қад-қади Сирдарё то болооби дарёи Панҷ сафарашро идома диҳад.

Ҳарсе ин пажуҳишгар ба воситаи Зарафшон қаторкуҳҳои Қаротегин, Дарвоз то ба Помир расидаанд. Ҳарсеи сафарҳои Бобринский бо роҳҳои гуногун сурат гирифтаанд, барои ҳамин пажуҳишҳои ӯ гуногун мебошанд.

Саёҳат ба маҳалҳо ва мардуми ношинос худ на танҳо кори мушкил, балки хатарнок ҳам ҳаст. Аммо мувофиқи гуфтаҳояш  Бобринский ба мушкилии калоне дучор нашуда будааст. Баракс аз тоҷикон меҳмоннавозӣ дидааст. Дар маҳалҳои Тоҷикистони имрӯза мардуми таҳҷой онҳоро ба хонаҳояшон ба меҳмони даъват карда, ба ҷуз аз меҳмоннавози ҷойҳои таърихию диданбобро барояшон нишон медодаанд.

Ҳамин тариқ бо шарофати софдилию меҳмоннавозии тоҷикон пажуҳишгарони рус системаҳои обёрии куҳани пеш аз исломӣ, яъне даврони зардуштиёнро пайдо карданд.

Дар бораи ҳаёт ва зиндагии мардуми он диёр аз забони аввал фаҳмидан хело мушкил буд. Дар баробари меҳмоннавозияшон мардуми куҳистон дар бораи дину мазҳабашон на он қадар мехостанд суҳбат кунанд.

Худи Бобринский дар ҷое ишора мекунад, ки ҳангоми суҳбат бо мардуми куҳистон ба мусалмонҳои суннимазҳаб худро суннӣ ва бо шиаҳо худро шиа муаррифӣ мекардаанд. Бо ғайри мусалмонҳо кӯшиш мекардаанд аз дин гап накушоянд.

Маҳз Бобринский муаян кардааст, ки мардуми Помир дар дигар равия – Исмоилӣ мебошанд. То ин вақт нисбати мардуми Помир овозаҳо будааст, ки дар он ҷо ё будистон ё ин ки намояндагони дигар дин ба сар мебаранд.

Дар бораи ҳар як сафари ӯ метавон як рисолаи илмӣ навишт, чунки пажуҳиши ӯ аввалин ва пурмаҳсултарин вобаста ба мардумшиносии ин минтақа ба шумор меравад. Ҳаёти ҳаррӯзаи тоҷикон, урфу одат, анъана ва таърихи сокинони маҳалӣ, шакли либос, матоъ лавозимоти рӯзғор, дину мазҳаб ва дигар хусусиятҳои мардуми куҳистони Тоҷикистон дар дастхатҳои Бобринский бо расмҳояшон боқӣ мондаанд.

Дар натиҷаи се сафари пажуҳишӣ Бобринский тавонистааст, ки асбобу ашёҳои нодир аз Тоҷикистон махсусан мансуб ба мардуми Помирро ҷамъоварӣ намояд. Аз куҳистони Тоҷикистон сангҳои қиматбаҳоро низ ба сифати ёдгорӣ ба Русия бурда будааст. Дастовардҳои ӯ дар осорхонаи мардумшиносии шаҳри Санкт-Петербург  маҳфузанд.

Ҳангоми ин сафарҳо Бобринский якчанд китоб ва мақола ҳам навиштааст. Масалан, "Зеравшанские горы и верховья Амударьи", "Горцы верховья Пянджа", альбомы "Орнамент горных таджиков Дарваза" ва ғайраҳо.

Дар ин китобҳо маълумоти гуногун дар бораи ҳаёт ва тарзи зиндагии мардуми тоҷик махсусан шарқи Тоҷикистон оварда шудааст. Бобринский ҳатто тавонистааст аввалин луғати вахонӣ-русӣ (яке аз забонҳои помирӣ) тартиб диҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1918 Бобринский ватанаш Русияро гузошта ба Италия муҳоҷир мешавад ва дар он ҷо мадфун аст.

Дар Маскав то ҳол хонае Бобринский ва дигар донишмандони насли ашрофзодагон иқомат мекарданд дар Малой Никитской боқӣ мондааст.  Ҳоло ин хона азнавсозӣ шудаистодааст ва Давлат Худоназаров умед дорад, ки баъди бозсозӣ дар ин бино гӯшае ба Бобринский ва оилаи ӯ бахшида мешавад.

Мавзуҳо:
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)

Мавзӯъҳои асосӣ