Қабристони Новодевичйе – оромгоҳи асосгузорони Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешМесто где захоронен Дьяков Алексей Михайлович
Место где захоронен Дьяков Алексей Михайлович - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қабристони Новодевичйеи шаҳри Маскав ду арбоби барҷастае, ки дар созмони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд – Абулқосим Лоҳутӣ ва Алексей Дяков мадфунанд, ки ҳарду ҳам зодагони Тоҷикистон нестанд

ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik, Лев Рыжков. Қабристони Новодевичйе дар шаҳри Маскав макони охирати шахсиятҳои бузург гардидааст. Дар ин қабристон шахсони масъул меҳмононро бо ҳама чизҳои онҷо шинос мекунанд. Онро на танҳо нигаҳбонӣ, балки посбонӣ ҳам мекунанд.

Оромгоҳи Новодевиче гӯристонест, ки дар он Елсин, Хрушев, Гогол, Чехов ва бисёре дигар аз номдорони Русия ва Шуравӣ ба хок супурда шудаанд. пайдо кардани қабри Лоҳутӣ дар ин оромгоҳ мушкил нест, чунки дар наздикии даромадгоҳ аз тарафи рост ҷойгир шудааст.

Дар ин қабристон ду абармарде, ки дар Тоҷикистон тавлид наёфтаанд, аммо хизматҳояшон барои миллати тоҷик беҳисоб аст - Абулқосим Лоҳутӣ ва Алексей Дяков мадфунанд.

Лоҳутӣ шоҳсутуни адабиёти тоҷик

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, дар оилаи косиб таваллуд шудааст ва дар қатори устод Айнӣ яке аз саромадони адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад.

Саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур сохт, ки аз хурдсолӣ меҳнат кунад: зери роҳбарии падараш чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда, ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани косибони он даврон аз наздик ошно шуд.

История Таджикистана на карте Москвы: Донское кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Чаро қаҳрамонҳои миллати тоҷик дар оромгоҳи Донски шаҳри Маскав дафн шудаанд – навор

Хуллас, душвории зиндагӣ Лоҳутиро водор намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо “Шоҳнома”-хонӣ мекарданд. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси “Илҳомӣ” шӯҳрат ёфта будааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст.

Мактабхонии Ӯ дер давом накард, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Гелони Эрон ба шӯриши мусаллаҳонаи зидди подшоҳ ҳамроҳ шуда, дар роҳи ғалабаи он фидокорона хизмат кардааст ва ба гирифтани нишони Сатторхон, ки яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон буд, мушарраф гардидааст. Пас аз шикасти балвои солҳои 1905-1911 қувваҳои иртиҷоъӣ ба таъқиби инқилобиюн шурӯъ намудаанд ва Лоҳутӣ, ки ба қатл маҳкум шуда буд, ба Бағдод муҳоҷират карда, то апрели соли 1915 дар он ҷо иқомат намудааст.

Главный вход в Донское кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Сипас Лоҳутӣ боз ба ватан баргашта, рӯзномаи “Бесутун”-ро таъсис додааст ва дигарбора дар ҷунбишҳои озодихоҳонаи синфӣ ва муборизаҳои инқилобӣ ширкат варзида, мафкураву ҷаҳонбинии ӯ вусъати бештар ёфтаанд. Дар аввалҳои соли 1917 нахустин бор бо болшевикони рус, ки дар сафи қӯшунҳои ишғолӣ хизмат мекарданд, ошно шуда, ба воситаи онҳо доир ба воқеаҳои инқилобии Русия муфассал иттилоъ ёфтааст.

Моҳи декабри соли 1917, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву англисҳо кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиёти беназир офаридааст. ки дар маҷмӯаҳои “Лаъолӣ”, “Эроннома”, “Наврӯзнома” ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш “Ҷамъияти ҷавонони Эрон” ва маҷаллаи “Порс”-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.

История Таджикистана на карте Москвы: Музей Востока - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон дар осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав – навор

Охири соли 1921 Лоҳутӣ ба Озарбойҷон омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши Табрезро, ки бо номи “Шӯриши Лоҳутихон” машҳур аст, сарварӣ кардааст.

Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта, ба давраи нави ҳаёти худ оғоз бахшидааст. Лоҳутӣ муддате дар Тбилиси ва Бокуву Нахҷувон кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба Москва рафта, дар “Нашриёти халқҳои СССР” ба кор пардохтааст. Аз соли 1924 узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ -ВКП(б) буд.

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди хурофотпарастон ва душманони ҳаёти нав фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Тавре дар манбаҳои таърихӣ навишта шудааст, Лоҳутӣ бо ароба аз Тирмиз ба Душанбе нахустин мошини чоп овардааст.

Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав таърихи 130-сола дорад

Соли 1931 хабарнигори рӯзномаи асосии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — “Правда” таъин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он низ будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза хондааст.

 Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР будааст. Соли 1935 дар ҳайати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар шаҳри Париж барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии (гимни) собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст.

Писатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?

Абулқосим Лоҳутӣ 16 марти соли 1957 дар шаҳри Москва вафот кардааст. Дар Қабристони Новодевичйеи пойтахти Русия мадфун аст.

Мавриди ёдоварист, ки Иосиф Сталин ба шахсияти Лоҳутӣ эҳтиром ва муҳаббати хос дошт. Шояд ба он далел Сталин нисбат ба Лоҳутӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, ки ӯ на фақат як шоир, балки марди ҷангдида ва шуҷоъ буд.

Устод Лоҳутӣ бисёр масъалаҳои ҳассосро бо пуштибонии Сталин ҳаллу фасл мекард. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо бо ҳам робитаи хуб ба роҳ монда буданд.

Вале ҳамеша чунин аст, ки боди сиёсат ба ҳар самти номаълум мевазад. Пас аз марги Сталин Никита Хрушёв тамоми ашхоси наздики ӯро зери фишор қарор медиҳад. Дар ин бора Далер писари Лоҳутӣ ҷое ишора кардааст, ки сабаби хурӯҷи бемории падараш соли 1956 Анҷумани ХХ Партияи Коммунистии Иттифоқи Шӯроӣ шахспарастии И.В.Сталинро ифшо сохт. Лоҳутӣ ба ин чеҳраи сиёсӣ эҳтироми зиёде дошт.

Таджики отметили в Москве День России - Sputnik Тоҷикистон
Созмони “Нур” - гӯшаи ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Дар ҳамин замина, А. Баширӣ менависад: “То Истолин зинда буд, рӯзгори Лоҳутӣ бисёр хуб буд. Вале пас аз марги ӯ бадбинон ва кӯтоҳандешоне, ки дар миёни ҳар мардуме пайдо мешаванд ва чашми дидани пешрафтҳои дигаронро надоранд, ба ҷони Лоҳутӣ афтоданд ва то тавонистанд аз ӯ назди роҳбарони Шӯравӣ бад гуфтанд ва ӯро аз чашми онон андохтанд ва аз он пас дар кори вай шикаст падид омад ва пешрафти бештаре накард ва саранҷом аз Тоҷикистон ба Маскав кӯчид ва то поёнии зиндагиаш дар ин шаҳр ба сар бурд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз маргаш Лоҳутӣ васият мекунад, ки агар кишвари Эрон рӯзе ба як сарзамини озоду демократӣ мубаддал гардад, хокистарашро ба хоки ниёгонаш Кирмоншоҳ бубаранд. Дар акси ҳол, онро лоақал ба ватани дуюмаш Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Вале ин масъала бо гузашти чандин даҳсолаҳо баррасӣ нашудааст.

Хидматҳои Алексей Дяков ба мардуми Тоҷик

Дар қабристони Новодевичйе ба ҷуз Лоҳутӣ Алексей Михайлович Дяков, ки ба халқи тоҷик хидмати беандоза кардааст, мадфун аст. Хидматҳои ӯ дар ҷодаи ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон зиёд аст.

История Таджикистана на карте Москвы: Кремль - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна Маскав макони истиқрори сулҳи тоҷикон гардид – навор
Алексей Дяков авалин аввалин комисари халқии тандурустии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷумла дар солҳои 1925 – 1930 дар даврони сарварии ӯ сатҳи муриш кам ва зоиш зиёд шудааст. Маҳз бо хидмати ӯ аввалин маротиба низоми ёрии таъҷилӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ӯ низоми расонидани ёрии таъҷилиро ҳатто дар қишлоқҷойҳо ба роҳ монда буд.

Дяков забони тоҷикӣ, шуғнонӣ ва арабиро медонист.

Дар соли 1923 Дяков ҳамроҳ бо Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад кӯшиш кардаанд то, ки ба Тоҷикистон унвони Ҷумҳуриро диҳанд.Маҳз бо хидмати онҳо аввал ба Тоҷикистон Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Автономӣ дар ҳайати Узбакистон ва баъдан дар ҳайати ИҶШС  унвон доданд.

Вай соли 1930 ба Маскав баргашт, аммо алоқаашро аз дӯстони тоҷикаш наканд.

“Ман дар соли 1964 дар 20 солагиям бо Дяков шинос шудам. Ман хело хурсанд будам, ки бо вай суҳбат мекардам ва ба хонааш мерафтам. Ӯ гоҳ-гоҳ дар бустонсарояш дар Подмосковйе истироҳат мекард, ман ба онҷо ҳам мерафтам. Баъди 10 соли шиносои дар соли 1974 ӯ аз олам гузашт. Хидмати вай дар ҳақи тоҷикон беҳисоб аст. Як замоне донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо номи ӯ буд, аммо баъдан ӯро иваз карданд”, - мегуяд коргардони машҳур Давлат Худоназаров.

Қабри Дяков мисли Лоҳути дар аввали оромгоҳ  Новодевичйе нест, ва ёфтани ӯ бе машварати масъулин каме душвор аст.  

Лентаи хабарҳо
0