12:27 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
"Рӯзнома"-и Sputnik
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Онҳое, ки давоми рӯз натавонистанд, хабару рӯйдод ва ҳаводиси муҳими Тоҷикистону ҷаҳонро сари вақт пайгирӣ кунанд, метавонанд, бо фишурдаи он дар рубрикаи навбатии Sputnik ошно шаванд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд тайи ду рӯз боз идома дорад, дар робита дафтари матбуоти президент мегӯяд, ҷаноби Раҳмон ба Суғд барои "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ" рафтааст. Бо ҷузъиёти боздиди президент аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ин нишонӣ ошно шавед.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан 19 октябр 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан 19 октябр 2015

Дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо вуҷуди бозиҳои ноумедкунанда билохира ба даври ниҳомии Ҷоми КФО-2015 баромад. Ин шонси бесобиқа ба футболбозони тоҷик замоне муяссар шуд, ки ФИФА футболбозони кувайтиро аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои байналмилалию минтақавӣ маҳрум кард.

Хурсандии сарбозони ироқӣ аз шунидани хабари кӯмаки Русия ва Эрон ҳадду канор надорад. Ҳоло акнун дар хоки Ироқу Сурия зидди террористҳои ДИИШ неруҳои Русия ва Эрон низ меҷанганд. Ҳасан ал-Сарӣ гуфтааст, эътилофи Сурияву Русия ва Ироқу Эрон алайҳи ҷангиёни "Давлати исломӣ" ба нафъи кулли ҷаҳон мебошад.

Дар ҳоле ки ироқиҳо аз шунидани хабари кӯмаки Русия хурсандӣ мекунанд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам гуфтааст, агар Кремл ба мо низ кӯмак кунад, хушҳол мешавем. Ӯ мегӯяд, Русия як замон ба пулиси артиши Афғонистон ҳам кӯмак карда буд. Тафсилоти бештарро аз нишонии зерин дарёфт карда метавонед.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
© AP / Rahmat Gul
Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ

Дар Қирғизистон ҳанӯз ҳам ҳамаи зиндониёни фирории маҳкум ба ҳабси абадро наёфтаанд, ҳарчанд барои ёфтани як маҳбус 300 ҳазор сом мукофот эълон шудааст. Зимнан, президент Отамбоев ба вазири корҳои дохилии Қирғизистон дастур додааст, дар зудтарин фурсат фирориён боздошт шаванд.

Ширкати "Барқи тоҷик" ахиран лаб боз карду гуфт, "лимит"-ро ҷорӣ кардем. Дар ҳоле ки беш аз ду ҳафта мешавад, мардуми Тоҷикистон мегуфтанд, барқи онҳоро кам-кам "мекушанд". Шояд ҷаноби Ёдгорӣ сардии ҳаворо интизор буд, кӣ медонад?! Субҳи 19 октябр, аввалин рӯзи сард ӯ гуфт, "лимит" ҷорӣ шуд!

"Бӯҳрони ҳақиқӣ сар мешавад, бӯҳрони сахттар аз солҳои 2007-2009", ин ҳушдори раисҷумҳури бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Назарбоев ба нахуствазир Карим Масимов супориш додааст, ки зуд барномаи зиддибӯҳрониро таҳия намояд. 

Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik Амир Исаев
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон боз сокинони осоишта қурбони таркишҳои террористон шуданд. "Террористон маводи таркандаро дар чархи дастӣ насб карданд ва онро дохили бозори шаҳри Андхуй гузоштанду аз дур истода наздикиҳои соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ тарконданд, ки дар натиҷа, 5 нафар ба ҳалокат расида, 25 тани дигар захм бардоштаанд.

Марги Умари 5-моҳа дар Санкт-Петербург Павел Астаховро ҳам ором нагузошт. Ин ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия аз раҳбарони ВКД ва Додситонии кулли кишвараш хостааст, марги Умарро таҳқиқ кунанд. Умар фарзанди хонаводаи як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург аст, ки 13 октябри соли равон ба иттиҳоми нақзи қавонини будубош дар Русия ҳамроҳ бо волидайни худ ба шуъбаи корҳои дохилӣ интиқол ёфта, аз модараш ҷудо карда мешавад ва танҳо баъд аз як рӯз ҷасади беҷонашро ба падару модари ӯ месупоранд.

 

Барчаспҳо:
Умар, Раҳмон, "Истиқлол", Қундуз, Сурия, сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Ироқ, Сурия, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ