19:11 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Бори аввал дар Душанбе: ҳатто ҳавои шаҳр бӯйи шарқиёна дорад

© Sputnik / Алексей Куденко
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
3301

Ба ҳар як сайёҳ пойтахти Тоҷикистон аз лиҳози гуногун писанд меояд- меъмории шаҳр, меҳмондории мардум ва ё хӯроки миллӣ, аммо ҳама ба як чизро қайд мекунанд: аз Душанбе хотираҳои нек боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik, Анастасия Лебедева. Мегӯянд, ки авалин тассурот- ҳақиқист.  Sputnik Тоҷикистон аз сайёҳони хориҷӣ  таассуроти онҳоро аз ин шаҳр пурсон шуд.

"Аввалини таасуссуроти ман ин ҳавои нарм ва инсонҳои нарми шаҳр мебошад. Пас аз ҳавои сарди Маскав, дар ҳавои нарм бидуни пушидани лисӯбосҳои гарм гаштан бароям форам буд. Ман ҳис намудам, ки сокинони Тоҷикистон хело мардуми меҳмоннавоз мебошанд",- нақл намуд Вероника Смирнова.

Ба гуфтаи вай, ҳамкоронаш ӯро бо хурсандӣ шаҳрро нишон доданд ва ҳам ба болои ин тамоми хароҷотро ба гардани худ гирифтанд.

"Аз ҳама бештар ба ман "таксиҳои з- сомона" писанд омаданд",- табассумкунон мегӯяд сайёҳ.

Баъд аз сайругушти шаҳр сайёҳ ба яке аз бозорҳои шаҳр- Бозори Шаҳмансур(Собиқ Бозори Зелёний) меравад.

"Бозор аз саҳар пурҷӯшу хурӯш буд- фурӯшандагон тарбуз ва харбузаҳои овардаашонро ҷо ба ҷо мекарданд",- нақл мекунад вай.

Ба гуфтаи вай, ӯро саҳнаи ҷамъ омадани мароде, ки ба бозор барои харидорӣ омадаанду дар кадом мағозае муҳорибаи Комроншоҳи Устопириёнро тамошо мекунанд, ба ҳайрат овард.

"Душанбе- шаҳри зебост. Ҳатто ҳавои шаҳр форам аст, ба таври худ, ба назарам бӯйи Шарқ меояд. Дар пойтахт биноҳои зиёдро ва зеборо дидам, ки бо нақшу нигори миллӣ ва мозайкаҳо оро дода шудаанд. Аммо ба ман беш аз ҳама Кохи Наврӯз писанд омад. Ман бо мамнуят ба ин шаҳр бори дигар бар мегардам",- мегӯяд духтар.

Сергей Кузнетсов- меҳмони дигари пойтахт мегӯяд, ки ба вай ошхонаҳои шаҳр писанд омаданд. Дар ин ҷо метавон бо нархи арзон ягон хӯроки болаззатхӯрд.

"Ман картошка ва гӯшти бирён гирифтам ва ҳамааш якҷоя 12 сомонӣ шуд, ки ҳамагӣ қариб 100 рубл мешавад",- мегӯяд Сергей.

Мард аз нақлиёти пойтахт шикоят намуд.

"Маршруткаҳои хурдакак ҳамавақт пур аз одамон мебошанд, баъзан одамон барои ҷой шуда, бо ҳама ҷанҷол мекунанд. Дар роҳ бошад ҳамеша танба аст",- ёдовар мешавад Сергей.

Ба  ман чунин намуд, ки ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд.

"Аммо дар ин ҷо роҳгузарон ҳам гунаҳкор мебошанд. Онҳо дар кӯча аз ҷойе, ки хоҳанд — аз миёни роҳ мегузаранд, ки барои ронандагон ҳам мушкилӣ меорад",- мегӯяд сайёҳ.

Биноҳои шаҳр хотирнишин буданд. Биноҳо бо таври шарқиёна афрохта шудаанд. Душанбе шаҳри сабз аст.

Барчаспҳо:
инсонҳои меҳмондӯст, ҳавои соф, меъмориҳои шарқиёна, Сайёҳ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ