02:21 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Дар маросими тӯҳфасупорӣ. Акс аз бойгонӣ

Амин Абдураҳимов дар Санкт-Петербург "Донишҷӯи сол-2016" эълон шуд

© Фото : из личного архива Амиджона Абдурахимова
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
8520

Донишҷӯи тоҷик Амин Абдураҳимов аз байни донишҷӯёни шаҳри Санкт-Петербург беҳтарин дониста шуда, “Донишҷӯи сол-2016” эълон гардид. Чанде қабл ӯ унвони “Ҷаноби донишҷӯи хориҷӣ”-ро низ ба худ ихтисос дод

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Амин Абдураҳимов донишҷӯи курси 4-ум буда, "Донишҷӯи сол-2016" дар шаҳри Санкт-Петеребруг гардид. Ба ӯ ҳайкали биринҷии "Буми хирадманд" тӯҳфа карданд. Ҳамчунин Амин ба гирифтани идрорпулии махсуси ҳокимияти шаҳр қадрдонӣ шуд.

 

 

Дар озмуни "Донишҷӯи сол-2016" 170 толибилм аз 36 донишгоҳҳои гуногуни Санкт-Петербург иштирок карданд. Онҳо дар 12 бахш байни ҳам рақобат намуданд. Маросими тӯҳфасупорӣ охири моҳи ноябр дар толори консертии Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайн баргузор гардид.

Амин Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ
© Фото : из личного архива Амина Абдурахимова

Донишҷӯи тоҷик аз ӯҳдаи ҳамаи шартҳо ба хубӣ баромада, дар номинатсияи "Ташкилотчии беҳтарин оиди ҳамкориҳои байналмиллалӣ (таҳаммулгароӣ)" ғолиби озмун дониста шуд. Тӯҳфаро ба Амин худи губернатори шаҳр Георгий Полтавченко супорид.

Дар баробари дигар иштирокчиёни озмун ба Абдураҳимов ҳайкалчаи биринҷии "Буми хирадманд" тӯҳфа карда шуд. Ҳамчунин ӯ соҳиби планшет ва дипломи махсус гардид.

Соли сеюм мешавад, ки Абдураҳимов дар Санкт-Петербург миёни ҳамсолони худ муносибатҳои дӯстона ва таҳаммулгароиро талқину ташвиқ менамояд.

  • Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    © Фото : из личного архива Амиджона Абдурахимова
  • Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    © Фото : из личного архива Амиджона Абдурахимова
  • Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ
    © Фото : из личного архива Амиджона Абдурахимова
1 / 3
© Фото : из личного архива Амиджона Абдурахимова
Амин Абдураҳимов дар маросими тӯҳфасупорӣ

Дар ҳоли ҳозир Амин дар курси 4-уми Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсияи ба номи профессор М.А. Бонч-Бруевич таҳсили илм дорад.

Мавзуъ

Камила Шаҳидова: имсол ман ба мақсадам расидам
Талабаи тоҷик ва соҳиби медали тилло: дар як рӯз 8 соат математика мехондам
Барчаспҳо:
"Донишҷӯи сол-2016", Амин Абдураҳимов, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ