19:50 23 майи 2018
Пахши мустақим
Дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав: бо нигоҳи нав ба сӯи "Первый канал"

© Фото: Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
85361

Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон мавсими нави худро бо иштирокчиёни ҷадид дар Маскав шурӯъ карданд. Онҳо дар фестивали лигаи Маскав ва вилоятҳои назди Маскав баромад карда, ғолиб омаданд ва ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд

Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи баромади ҷозирҷавобони тоҷик дар Маскав бо роҳбари гурӯҳ Ҷамшед дар бораи рушди КВН дар Тоҷикистон, дастгирии ҳукумат, зарурати забони русӣ ва нақшаҳои оянда сӯҳбат кард.

Бишкек-Сочи-Маскав

Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ, "Алаа-то", ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, иштирок карда, соҳиби ҷои аввал гардиданд.

Бар асоси ин натиҷа дастаи КВН-и Тоҷикистон дар  Сочии Русия дар ҷашнвораи байналмиллалии "КиВиН" ишитрок кард.

Ҳамин тавр мавсими нави худро дастаи КВН-и Тоҷикистон бо ишитрокчиёни ҷадид дар Маскав шурӯъ кард. Санаи 18-уми феврал гурӯҳ дар мусобиқаи лигаи Маскав ва вилоятҳои назди он иштирок кард. Даста умед дорад, ки то финали бозӣ мерасад.

"Мо завқи тамошобинони Маскавро медонем. Мо ҳамаи қувваамонро барои ғолиб шудан сарф хоҳем кард",-гуфт роҳбари гурӯҳ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Насли нав ва ишитрокчиёни ҷадид

Бозии ниҳоии дастаи пешин мусобиқаи Бишкек буд, ки бо муваффақият анҷом ёфт. Дар мавсими ҷадид дар гурӯҳи КВН-и Тоҷикистон иштирокчиёни нав пайдо шуданд, аз ҷумла духтарони славянӣ.

Акнун дар дастаи КВН-и Тоҷикистон 14 нафар бозӣ мекунанд, аз ин шумул 7 нафарашон дар саҳнаи Маскав баромад карданд.

Ин Исмоилзода Ҷамшед-капитани даста, Саъдуллоев Суҳроб, Ислом Ҳусейнов, Турсунқулов Азамат, Марк Саракапут ва Аледсандра Смирнова.

Баромади дастаи КВН-и Тоҷикистон дар саҳнаи Маскав
Баромади дастаи КВН-и Тоҷикистон дар саҳнаи Маскав

"Иштирокчиёни дастаи пешин худ қарор доданд, ки мавсими нав бояд бо иштирокчиёни ҷадид шурӯъ шавад. Мо ҳамеша бо онҳо дар тамос ҳастем. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд. Ин даста барои рушди КВН дар Тоҷикистон корҳои зиёд карданд ва акнун бо тозагӣ онро ба дасти мо супориданд. Мо кӯшиш мекунем, ки номи Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ баланд бардорем".

Ба қавли Ҷамшед консепсияи даста низ иваз шуд. КВН ҳар сол рушд мекунад ва мо низ кӯшиш мекунем баробари замони муосир қадам занем.

Мақсади асосӣ-"первый канал" 

Се сол мешавад, ки мунтахаби КВН-и Тоҷикистон талош дорад, дар сабқатҳои байналмиллалӣ ғолиб омада дар шабакаи аввали телевизиони Русия баромад кунад. Дастаҳои пешин ҳатто тариқи ин шабака баромад ҳам карда буданд, вале танҳо ба сифати меҳмон.

"Мо ба мавод ва қувваи худ бовар дорем. Мо умед дорем, ки ғолиб мешавем. Ҳадафи асосии лоиҳаи КВН-и Тоҷикистон ин баромад кардан дар шабакаи аввали Русия аст. Ин орзуи ҳамаи мост",-мегӯяд бо боварӣ Ҷамшед.

1 / 3
Дастаи КВН-и Тоҷикитон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Чӣ гуна аст, зиндагии ҳозирҷавобон?

Чуноне маълум шуд, дастаи КВН-и Тоҷикистон дар рӯзҳои дар Маскав будан вақт наёфтанд, то аз шаҳр дидан кунанд. Роҳбари даста Ҷамшед мегӯяд, ки онҳо дар ягон мусобиа вақт барои истироҳат надоранд.

Ба қавли ӯ аз шаш рӯзе, ки онҳо дар Маскав ҳастанд, танҳо як рӯз (рӯзи баъди мусобиқа) онҳо имкони сайругашт доранду халос.

"Дӯстон моро ҳатто масхара мекунанд, ки шумо ҳавои тоза нафас мекашед,.. чун ҳамаи аксҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили меҳмонхона ба навор гирифта шудаанд. Аксари вақтамон барои эҷоди сенарияи нав, ва шухиҳои ҷадид сарф мешавад. Мешаванд ҳолатҳое, ки мо бояд дар давоми як рӯз косепсиия нав омода созем. Ва маҷбур мешавем, то соатҳои 4-5-и саҳар кор кунем. Зиндагии ҳозирҷавобон чунин аст".

КВН-шахсият тарбия мекунад

Ҷамшед мегӯяд, ки зиндагии худро бидуни КВН тасаввур карда наметавонад. Ӯ ҳанӯз дар даврони мактабхониаш ҳамроҳи ҳамсинфон ба ин бозӣ машғул мешуд. Ҳангоми ба донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе дохил шудан бозиро идома дода, то мунтахаби ҷумуриявӣ расид.

"Нигоҳи иштирокчиёни КВН ба зиндагӣ шавқовар ва каме бо шухӣ аст. Вақте ҳодисаеро мушоҳида мекунӣ, ба таври автоматӣ онро ба шухӣ табдил дода, дар фикр аллакай сенария омода мешавад. КВН-тарзи суханронии шахсро сайқал медиҳад, ин бозӣ одамро ба шахсият табдил медиҳад",-мегӯяд Ҷамшед.

Надонистани забони русӣ монеаи рушди КВН дар Тоҷикистон

Ба қавли капитани даста, дар Тоҷикисон маҳфили зарофагӯён ва ҳозирҷавобон дар пойтахти шимолии кишвар рушд кардааст. Қариб 20 сол мешавад, ки дар вилояти Суғд КВН арзи ҳастӣ дорад ва дар байни мардум маҳур шудааст.

"Ҳукумати шаҳри Душанбе мехоҳад, ки КВН ба забони тоҷикӣ сурат гирад. Вале ин номумкин аст. Маҳфили зарофагӯён ва ҳозирҷавобон дар тамоми ҷаҳон бо забони русӣ гузаронида мешавад. Барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ мо бояд онро бо забони русӣ ба дигарон муаррифӣ намоем".

Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ кард, ҳамватанони бурунмарзӣ не

Зимни сухан дар бораи рушди КВН дар Тоҷикистон роҳбари гурӯҳ дастгирии роҳбарияти вилояти Суғдро қайд карда гуфт:

"Баъди ғолибият дар шаҳри Бишкек, ҳукумати вилоят моро дастгирӣ намуд. Ва мо аз дастгири раиси вилоят миннадорем",-изҳор дошт Ҷамшед.

Вале дар баробари ин ҳам аъзоёни гурӯҳ ва ҳам директори дастаи КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов аз дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори норозигӣ намуданд.

"Баракси дигар гурӯҳҳо мо чиптаҳоро ба тоҷикони муқими Маскав, ройгон тақсим намудем. Ба мо танҳо дастгирии онҳо, ҳузури онҳо лозим буд, вале мутаассифона мо дастгирии онҳоро дар толор ҳис накардем".

Тамошобинони КВН дар Маскав
Тамошобинони КВН дар Маскав

Мавзуъ

Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд
Дар Маскав даври ниҳоии лигаи КВН-и Помир баргузор мегардад
Бохти дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав
Барчаспҳо:
баромад дар саҳнаи Маскав, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ