21:00 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Консерти Зулайхо дар Маскав

Рӯзи офтобӣ, ҷаҳони ишқ ё ҳунарнамоии Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

© Sputnik / Валерий Мельников
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
61791

Нигоҳам зуд-зуд ба ақрабаки соат меафтод. Чун бояд соати 15.30 дар назди толори консертии "Геолог", ки онҷо Зулайхо Маҳмадшоева - сарояндаи попи тоҷик, ҳунарнамоӣ мекунад, бошам.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Нилуфар Некқадам. Вале соат 14 шуда ва ман бояд бист дақиқа пас аз хона бароям. То толори консертӣ камубеш як соат бо метро ва сипас бо автобус роҳ аст. Боз ба ёдам расид, ки бояд аксбардор ҳам бо ман равад, вале ман ӯро боре ҳам надидаам. Дар ҳамин фикру хаёл будам, ки телефонам занг зад.

"Салом. Ман Валерий — аксбардор ҳастам. Кай бояд дар назди толори консертӣ бошем?", — пурсид вай.

"Салом. Шодам аз ошноӣ. Соати 15.30 бояд онҷо бошем", — гуфтам ман ва анбонамро гирифтаму зуд берун баромадам.

Маскав, 29 апрел, дамо 22 дараҷа гарм — муъҷиза

Дар воқеъ дар ин рӯз гӯё Зулайхо бо худ ҳавои Тоҷикистонро оварда буд. Аз метро баромадаму ҷавондухтаре тақрибан 20-21-соларо пурсидам, ки то хиёбони Миклухо-Маклай, 23, ки толори консертӣ ҷой дорад, бо кадом мусофирбар метавон рафт.

Консерти Зулайхо Мащмадшоева дар Маскав
© Sputnik / Валерий Мельников
Консерти Зулайхо Мащмадшоева дар Маскав

Воруна бар боваре, ки гӯёи маскавиҳо амрдуме тундхӯ ҳастанду саволи касеро намехоҳанд посух диҳанд, (ё шояд аз таъсири офтоби оламоро буд), ки духтари рус натанҳо шумораи автобусро ба ман гуфт, балки то истгоҳ, ки камубеш 200 метр дуртар буд, гуселам намуд.

Аз автобус фаромадаму чашмам ба гурӯҳи ҷавононе афтод, ки дар интизори сабз шудани чароғак буданд. Бо диққат нигоҳ карда аз абрувони сиёҳу мӯйҳои дарози гулдухтарон пай бурдам, ки онҳо «ҳамшаҳриҳоям» ҳастанд ва эҳтимолан ба консерт раҳсипоранд.

Аз роҳ гузашта хостам ба сохтмони дар пешорӯям буда наздик шаваму, нишонияшро хонам, вале чашмам ба тоқии писаре афтод, ки бо рангҳои баланди сурху зард гулдузӣ шуда буд. Ӯ дар назди дарвозаи ҳамон бино истода буд. Дар ҳол донистам, ки ба ҷои мехостаамро пайдо кардаам.

Бо хурсандӣ ба назди дарвоза омада худро муаррифӣ кардам ва яке аз масъулон маро ба назди дари бинои дохили дарвоза бурд. Он ҷо Фарҳод Ҷонмаҳмадзода — роҳбари гурӯҳи рақсии «Гулчин» ва баргузоркунандаи консерти Зулайхо дар Маскав маро интизор буд.

Ба атроф назар кардам ва табъам каме хира гашт. Соат 15.35 — яъне пас аз 25 дақиқа бояд консерт оғоз шавад, вале дар назди дар бештар аз 20-30 тамошобин набуд.

Фарҳод маро ба толоре, ки ҳунарпешаҳо, раққосони ансамбли «Гулчин» ва ширинкорони гурӯҳи «Хурсандӣ» ба машқи рақс ва омодагӣ ба консерт машғул буданд бурда бо продюсери Зулайхо Маҳмадшоева — Баҳриддин Сабур шинос кард.

"Аз ёракум дорум гила"

Баҳриддин гуфт, ки «нақшаҳои эҷодӣ чӣ дар кишвар ва чӣ берун аз он зиёданд. Бавижа дар ҳафтаи ҷавонон, Зулайхо дар чанд консерти дохилӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Пас аз моҳи май сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Урупо дар назар аст. Ӯ афзуд, ки махсусан барои ҳафтаи ҷавонон сабти суруди нав ба номи «Аз ёракум дорум гила» дар ҳоли омода шудан аст».

Ба қавли Баҳриддин Сабур намоҳанги ин суруд дар шаҳрҳои Анталия, Бодрум ва дигар минтақаҳои зебои Туркия ба навор гирифта хоҳад шуд.

Дар интизори Зулайхо ва аксбардор

Ҳамагон дар интизори Зулайхо Маҳмадшоева буданд, вале ман мунтазири аксбардор будам. Чун агар ӯ дер кунад, мо наметавонем Зулайхоро барои хабаргузориамон аксбардорӣ кунем. Хаёлам бо ҳамин фикрҳо банд буд, ки аксбардор низ занг зада хабар дод, ки пушти дар истода аст.

Чун Валерий расид, дигар ман дар интизори Зулайхо будам. Қарор буд, ки мо бо ин овозхони попи тоҷик пеш аз оғози консерт суҳбат кунем. Соат аллакай 16.15 шуд, вале консерт ҳоло ҳам оғоз нашуда буд. Пас аз чанде Зулайхо низ расид.

Валерий Зулайхоро аксбардорӣ карду ман суҳбатамро бо ин овозхони номдори попи тоҷик оғоз кардам, ки онро муфассал дар матлабе ҷудогона пешкашатом хоҳем кард.

Пас аз суҳбат ман бо дили пур ба толори консертӣ ворид шудам. Чун дар аввал шумори хеле ками одамонро дида будам, ҳарос доштам, ки шояд, толор пур нашавад. Вале панҷ дақиқа пас аз даромадани ман толор бисёр зуд пур аз тамошобин шуд.

Дертар Фарҳод гуфт, ки куллан дар толор беш аз 400 тамошобин ҳузур дошт.

Оғози шоми ҷавонӣ

Ба дидори Зулайхо Маҳмадшоева бештар ҷавонони муқими Маскав омада буданд. Чунин менамуд, ки ин як шоми ҷавонӣ бошад. Бархе аз ҳаводорон, ки аз шумори хонаводаҳои ҷавон буданд, бо фарзандони худ ба консерти Зулайхо омада буданд.

Аксарият бо фарзандони худ ба консерти Зулайхо омада буданд
© Sputnik / Валерий Мельников
Аксарият бо фарзандони худ ба консерти Зулайхо омада буданд

Инак толор пур шуду муҷриёни барнома — Баҳриддин Сабур ва Сайфулло Урунов тамошобинонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба толор хушомадед гуфтаанду консерти Зулайхоро, ки «Ҷаҳони ишқ» унвон дошт, оғоз карданд.

Бо пайдо шудани Зулайхо ҷавонони тоҷик бо кафкӯбиҳои ба гуфти худи овозхон "тоҷикона" ӯро пешвоз гирифтанд.

Зулайхо гуфт, ки барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон офтоб овардааст. Ӯ ҳунарнамояшро бо суруди «Мамнунам» шуруъ кард. Пас аз иҷрои ду-се тарона, тамошобинон ҳам фаъол шуданд ва ба тақдим кардани гулдастаҳои зебо пардохтанд.

Ҳама ба рақс

Ҳангоме, ки Зулайхо ҳаводоронашро ба рақс даъват кард, қариб ҳама аз ҷо бархоста бо оҳанги марғуб даст меҷунбонданду по мекӯфтанд. Дигар тафовуте набуд, ки тамошобинон чи билете доранд ва дар кадом рада нишаста буданд. Чунин менамуд, ки ин ҳунарнамоӣ на як консерт, балки як ҷашни бузурги хонаводаӣ аст.

Ҳама ба рақс. Консерти Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав
© Sputnik / Валерий Мельников
Ҳама ба рақс. Консерти Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

Ба ёдам консерти Шабнам Сурайё расид, ки моҳи майи соли гузашта дар Маскав баргузор шуда буд. Он ҷо Шабнам бо сурудҳояш тамоми Русияро ба по хезонда буд.

Дар навои оҳангҳои "Намешиносӣ", "Ҷӯра" ва "Кабкак" раққосони ансамбли "Гулчин" ҳунарнамоӣ карданд.

Пас аз чанде дар саҳна ширинкорони гурӯҳи "Хурсандӣ" пайдо шуда ба тамошобинон ҳунарҳои шигифтовари худро нишон доданд. Дар бахши дувуми консерт барандаҳои озмунеро, ки аз пеш дар шабакаи интернетӣ баргузор шуда буд, эълон карданд. Аз се нафар баранда яке билети ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе бурд, дигареро аккосии гузиниши бо Зулайхо насиб шуд ва севумӣ гӯшии Айфон ба даст овард.

Гулдаста, Айфон ва селфӣ

Вале аккосии гузинишӣ ё фотосессия касеро лозим ҳам набуд, чун ҳама тамошобинон ва ҳаводорон дорои телефонҳои дурбиндор буданд. Ҳар як тамошобине, ки Айфон дошт ва ин гурӯҳи одамон аксарияти тамошобинонро ташкил мекарданд, дар назди саҳна навбат истода бо Зулайхо «селфӣ» мегирифтанд.

Селфӣ бо Зулайхо
© Sputnik / Валерий Мельников
Селфӣ бо Зулайхо

Агар пештар тамошобинон бо гулдаста ба саҳнаву овозхон наздик мешуданд, имрӯзҳо бо телефонҳои охирин мудел ба ҳунарпешаҳо наздик мешаванд то худро бо онҳо "биселфанд". Муҳоҷирони маскавӣ аз дигарон ҳеч камӣ надоштаанд, фикр кардам ман.

Пас аз иҷрои сурудҳои «Бай-бай», «Ваъдахилоф», «Бачаи Данғара», «Бачаи Хатлонӣ» Зулайхо консертро ба поён расонд, вале аз тамошобинон эътироз карданд ва овозхон боз чанд тарона барояшон хонд.

Ёде аз Манижа Давлат

Касе аз тамошобинон дархост кард аз таронаҳои Манижа якеро иҷро кунад ва Зулайхо суруди «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро ба таври зинда барои ҳаводоронаш хонд.

Дар фарҷоми барнома овозхони ҷавону умедбахш Парвиз Аралов, ки ба сабки Аҳмад Зоҳирро овозхонӣ мекунад, ба саҳна омад ва Зулайхоро ҷавоб доданд.

Тамошобинон дар консерти Зулайхо Маҳмадшоева
© Sputnik / Валерий Мельников
Тамошобинон дар консерти Зулайхо Маҳмадшоева

Вақте консерт ба поён расид ва аз толор берун мешудем, аз духтарони ҷавоне, ки дар канорам мерафтанд, шунидам, ки мегуфтанд «консерт дар воқеъ хуб буд, вале бисёр кӯтоҳ».

Ба дари баромад наздик шудам, ки он ҷо намоиши либосҳои миллӣ, ки аз атласу адрас омода шудаанд, толорро оро медод. Дар ҷои дигар дар рӯи миз тоқиҳои гуногун, ороишҳои нуқраӣ ва китоби "Луғати тоҷикӣ-русӣ" ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар берун ҳамоно ҳавои Маскав нашинохтанӣ буд. Ба дарвозаи берун наздик шудам, ки ин ҷо марду зане ба фурӯши нони гарм ва самбӯсаи варақӣ, ки ба қавли худашон аз Ҳисор овардаанд, машғул буданд. Нафаре гузашту савол кард, ки агар ин самбусаҳоро худи Зулайхо пухта бошад, ҳамаашро мехарам…

Бо табъи болида ман ба хона баргашта ба навиштани гузориш пардохтам…

Барчаспҳо:
29-апрел, консерт, Зулайхо Маҳмадшоева, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ