Зулайхо Маҳмадшоева: аз хурдӣ пайрави Манижа Давлат будам

© Sputnik / Валерий МельниковЗулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зулайхо Маҳмадшоева-сарояндаи попи тоҷик 29 апрел дар Маскав ҳунарнамоӣ кард

Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи консерти овозхони ҷавон бо Зулайхо бобати зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ, мушкилоти санъати Тоҷикистон ва пайвастагиаш бо Манижа Давлат суҳбат кард.

Дар Маскав

Чун Зулайхоро қабл аз шурӯъ шудани консерт бо либоси саҳнавӣ дарёфтем суҳбатамонро аз интихоби либос шурӯъ кардем.

Аксарияти сарояндагони ҷавони тоҷик либосҳои саҳнавиро аз тароҳони машҳур фармоиш медиҳанд. Др ин росто Зулайхо низ бо тарроҳони Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва мегӯяд, ки дар кишвар тарроҳони чирадаст кам нестад.

"Дар Тоҷикистон тарроҳони хуб зиёданд. Айни ҳол ман бо ширкати Murod fashion ҳамкорӣ мекунам ва либосеро ки шумо айни ҳол мебинед маҳсули дасти ҳамин тарроҳ мебошад",-гуфт Зулайхо.

© Sputnik / Валерий МельниковЗулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева - Sputnik Тоҷикистон
Зулайхо Маҳмадшоева

 

Ба қавли Зулайхо ин сафари аввалини ӯ ба Русия набуда, дар солҳои қаблӣ низ ӯ дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳунарнамоӣ карааст.

"Ба фикрам дар Маскав ҷое намондааст, ки ман аз он дидан накарда бошам. Ман ҳамаи ҷойҳои Маскавро хуш дорам".

Консерти Зулайхо дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи офтобӣ, ҷаҳони ишқ ё ҳунарнамоии Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

Вале дар ин сафари ҳунарӣ ӯ танҳо дар саҳани пойтахти Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Овозхон мегӯяд, ки омадааст, то дили муҳоҷиронро шод кунад.

"Аз ҷониби баргузоркунандагони консерти Маскав пешниҳод омад ва ман қабул кардам".

Зулайхо Маҳмадшоева ин консерти худро ба муносибати "Соли ҷавонон" баргузор намуд. Ӯ дар консерт сурудҳои "Бай-бай", "Ваъдахилоф", "Бачаи Данғара", "Бачаи Хатлонӣ", "Намешиносӣ", "Ҷӯра" ва "Кабкак" ва "Мамнунам"-ро пешкаши ҳаводорони ҳунараш кард.

© Sputnik / Валерий МельниковКонсерти Зулайхо дар Маскав
Консерти Зулайхо дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Консерти Зулайхо дар Маскав

Ба қавли Баҳриддин Сабур композитори овозхони ҷавон нақшаҳои эҷодӣ чӣ дар кишвар ва чӣ берун аз он зиёданд.

"Бавижа дар ҳафтаи ҷавонон, Зулайхо дар чанд консерти дохилӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Пас аз моҳи май сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Урупо дар назар аст. Ӯ афзуд, ки махсусан барои ҳафтаи ҷавонон сабти суруди нав ба номи "Аз ёракум дорум гила" дар ҳоли омода шудан аст".

Зулайхо Маҳмадшо-овозхони попи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷаҳони ишқ”: Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Ба гуфти Баҳриддин Сабур намоҳанги ин суруд дар шаҳрҳои Анталия, Бодрум ва дигар минтақаҳои зебои Туркия ба навор гирифта хоҳад шуд.

Кумак аз дӯстон на аз оила

Барои инсони эҷодкор ҳамфикре дар зинадгӣ биёр муҳим аст. Аксарияти овозхонон чунин такягоҳро бештар дар оила меёбанд. Вале Зулайхо мегӯяд, ки ба ӯ на аъзоёни оила балки, ёру дӯстон кӯмак мекунанд ва дар ҷодаи санъат ӯро дастгириӣ менамоянд.

"Ин нафарон берун аз оила ҳастанд. Ба ман дӯсти наздикам, композитор Баҳриддин Сабур беҳад кумак мекунаду дарсгириям менамояд. Аз ӯ бисёр минатдорам".

Зулайхо мегӯяд, ки санъаткор шудан орзӯи деринаи ӯ буд. Вале волидайнаш ҳеҷ гоҳ розӣ набуданд, ки ӯ овозхон шавад.

"Ман аз хурдӣ мехостам сароянда шавам. Вале дар оила дар аввал ҳамагӣ зид буданд. Вақте дарк карданд, ки ман аз уҳдаи сарояндагӣ мебароям, баъдан иҷозатам доданд",-ба ёд меорад Зулайхо.

Пайравӣ аз Манижа Давлат

Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти сурудхонияш аз Манижа пайравӣ мекард. Ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо эҷодиёти Манижаро мехонд.

"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".

Шабнами Сурайё дар толори консертии Россия. Дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам

Аз овозхонони ватанӣ Зулайхо-Манижа Давлат, Садриддин Наҷмиддин, Валиҷони Азизро меписандад. Аз сарояндагони рус ба эҷодиёти Нюша таваҷҷӯҳ дорад.

"Сабки Нюша ба ман писанд аст. Эҷодиёти ӯро пайгирӣ мекунам",-мегӯяд Зулайхо.

Ба қавли овозхон имсол ба муносибати "Соли ҷавонон" аз ҷониби ҳукумати кишвар овозхонон ва махсусан санъаткорони ҷавон дастгирӣ ёфтанд.

Берун аз рӯйхати сиёҳ

Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Манижаи Давлату Садриддини Наҷмиддин барои ҳамкорӣ бо телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва иштирок дар маъракаҳои расмӣ даъват шудаанд. Ин овозхонон ба қаве то ин дам дар "рӯйхати сиёҳ" буданд ва ба маъракаҳои расмӣ даъват намешуданд. Зулайхо мегӯяд ба ин рӯйхат боре ҳам наафтодааст.

"Ман дар рӯйхати сиёҳ набудам ва Худо хоҳад дар оянда ҳам нахоҳам афтод",-мегӯяд Зулайхо.

Зулайхо Маҳмадшоева мегӯяд, ки хушбахтиро дар оиладор будан мебинад. Ин овохони ҷавон оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад.

Аз хурдани ғизоҳои равғанӣ худдорӣ мекунад ва ба зебогии зоҳирии худ таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

Лентаи хабарҳо
0